Роҳи наҳзатиён баста

Ҷаҳонишавии бесобиқаи замони муосири дунё ба ҳаёти мардум падидаи номатлуби иғвогариву ҳангомасоз, туҳмату буҳтонҳои беасос, тухми пучи ифротгароӣ ва адовату кинаро пайдо намуд. Агар ба таври дигар ифода намоем, тавлид кард. Дар ин росто ба воситаи ахбори иғвоангезу тундгароӣ иттилооти муғризона падид омад ва солҳои охир ављ гирифта истодааст, ки гумон мекунам, роҳи сарбаста дорад.

Яке аз сомонаҳои иғвоангез бо номи «Бомдод.ком» лагандбардори наҳзатиён мебошад. Аз љониби дигар, худи масъул ва гардонандаи чархи туҳмату ғаразу буҳтони сомона чоплуси наҳзатиён, думрави ташкилоти ифротӣ Мирзои Салимпур аст. Дар ин сомона Муҳаммадиқболи садриддини кундзеҳну лагандбардори дурўғбофи қаламшикаста хабарҳои ифротӣ паҳн мекунад, ки пур аз кинаву туҳмат аст, Ин тоифа ҳатто шарм намекунад, зеро вай сурату сирати инсонӣ, номусу ору шарафи одамӣ надорад, рўйсиёҳу чоплус мебошад. Як аблаҳи расвои радди маърака буда, бегонапарастӣ мекунад, хоҷагонашро мепарастад. Вай дастпарвари мактаби бесаводии наҳзат буда, акнун мехоҳад, ки ба ташкили сомонаҳои пурғараз садо бардорад. Ин чоплусону ҳиллагар то ҳол намакхўр, дурусташ хокистархўри наҳзат аст.

Садриддини ҳарзагўю ҳарзанавис то метавонад дар шабакаҳои иҷтимомӣ ҳарзаҳои зиёде бофад, зеро дар сар мағзи пуч дорад. Саҳифаҳои иҷтимоии онҳо асосанба таблиғгари террористони наҳзатӣ равона шудааст. Садриддин як лагандбардори ТЭТ ҲНИ мебошад, бегонапараст аст ва ба вай касе аз маърифатпарварони солимақл бовар намекунанд.

Мегўянд, ки офтобро бо доман пинҳон карда намешавад. Он кирдору амалҳо ва он љурму љиноятҳои сангини ба мардуми тољик, миллат ва давлати тољикон содирнамудаи наҳзатиён дар симои Садриддину Салимпур ватангадо ва аз хиёнаткориҳои ин лаънаткардаҳои халқ ҳама хурду калонсолони кишвари мо ба хубӣ огоҳанд.

Шаҳрзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ