Иззат Амон ва дасисаҳои пайравони ӯ
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби нафарони худхоҳ гурӯҳҳои махсус ташкил гардид, ки ҳар яке аз онҳо мақсаду мароми худро доранд. Хушбахтона, нақшаи тарҳрезинамудаи ин афрод, ки бар зидди сулҳу амонии кишвари мо равона карда шудааст аз ҷониби мақомотҳои дахлдор саривақт пешгирӣ карда мешавад.Чанд сол пеш Иззат Амон бо мақсади пешбурди зиндагии худ барои таъсиси ҳизб тасмимҳо дошт. Ин нафар яке аз чунин афроди худхоҳу мағрур ва шефтаи молу мулк, давлату сарват Иззат Амон мебошад. Номбурда чанд сол пеш хост, ки бо ташкили ҳизбаш дар кишвар мардумро бифиребаду аз ин ҳисоб зиндагии худро пеш барад. Вале кораш омад накарду натавонист ҳизби худро дар Вазорати адлия номнавис намояд. Пас аз ин ризқашро аз кисаи муҳоҷири бечораи сарсони тоҷик ёфтанӣ шуд ва бо ҳамин ният ҷониби Федератсияи Россия роҳ пеш гирифт. Алҳол он ҷо бо ташкили Иттиҳоди ҷавонони тоҷик чанд ҳамватани худро фиреб дода, зиндагиашро пеш бурда истодааст. Акнун чандест, ки ба Тоҷикистон омадаасту худро ҳамаҷониба таблиғ менамояд.
Чанд тан аз пайравони Иззат Амон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ пуштибонӣ намуда истодаанд. Аз маълумотҳо аён гардид, ки Иззат Амон барои як зумра думравони худ пайваста аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ кумаки молиявӣ мерасонидааст. Ӯ зимни таъсиси иттиҳодияи ҷавонони муҳоҷир бо мақсади тасарруф намудани пули ночизи муҳоҷирон нақшаҳои калонро роҳандози намуда, мехост бо ин роҳ худ ва пайравонашро бо маоши бедарди миён таъмин намояд. Аслан нафароне, ки бу муҳоҷирати меҳнати дар Руссия қарор доранд, пайваста ба фиреби қаллобон дучор мешаванд.
ШАҲРЗОДИ БАҲОР