Имони ватандорӣ!
Ҳангоми шиносоӣ бо табиати мамлакатҳои олам, таомулу зиндагонии қавму миллатҳои гуногун инсон бевосита ҳамаи онро бо ҳаёту шароити ҳамарӯзаи худ муқоиса менамояду хулосае мебарорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва дигар манбаҳои иттилоотӣ ҳамарӯза аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон лавҳаҳоеро мувофиқи завқу диди худ намоиш медиҳанду паҳн менамоянд, ки саросар гуногунрангию гуногунтарзии ҳаёти инсонро дар мамлакатҳои мухталиф инъикос менамоянд. Сатҳу сифат, усулу тарз, услубу мақомҳои гуногуни давлатдориву ташкили зиндагонӣ, муносибати байни ҷомеа ва сиёсатмадорон, ҷабҳаҳои гуногуни ҳаётгузаронии ҷомеа ва ғайраро мебинеду ангушти ҳайрат мегазед, ки Офаридгор дар сайёраи Замин чӣ тавр чунин рангорангӣ бунёд намудааст.
Дар сайёра қисме аз аҳолӣ аз норасоӣ ба манбаҳои об танқисӣ мекашанду бархе дигарон намедонанд аз обхезию серобӣ чӣ тавр наҷот ёбанд? Теъдоди муайяни аҳолӣ аз сармою хунукӣ дар ҷустуҷӯи нури офтобу гармӣ бошанд, ҷомеаи дигаре намедонанд аз гармии тоқатфарсо чӣ сон паноҳ ёбанд. Гурӯҳе дар кофтукоби роҳи халосӣ аз фарбеҳшавӣ ҳастанду қисме аз аҳолӣ баҳри дарёфти луқмаи ғизо омодаанд ҷоннисорӣ намоянд. Нафароне дар орзуи пӯшока бо баргу пӯстлохи дарахт тани худ мепӯшонанду дигароне либосе аз маводҳои табииро авлотар аз маводҳои сунъӣ медонанд. Нафаре дар кӯҳсор орзуи замини ҳамвор дораду баъзе дигарон бо нияти дидани кӯҳу кӯҳсор зиндагонӣ доранд. Шояд ҳамаи ин аҷоиботи олами сайёра шаҳодат ба бедорию огоҳии инсон аз кӯчакии ӯ бошад?
Шукронаи Парвардигори олам мекунам, ки Ватани азизу маҳбуби ман табиатиафсонавии биҳиштосо бо кӯҳу ҳамвориҳо, дарёҳои мусаффо, сабзазорони хурраму дараҳои барҳаво ва дигар неъматҳоро насиби мардуми меҳнатқарини кишварам гардонидааст. Бар замми ҳамаи неъматҳои Худованд роҳбари хирадманду оқил, раиятпарвару одил, соҳибобрӯву дурандеш, дурбину матинро насиби мардуми Тоҷикистон гардонидааст, ки тамоми вуҷудашро ба бунёдкориву созандагии диёр мебахшад. Ин шахсияти мӯътабар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки мояи ифтихори ҳар як ҳамватанони мо ҳастанд. Маҳз Пешвои муаззами миллат бо маҳорату қобилияти хоса Ватани моро ба оламиён муаррифӣ намуда соҳиби обрӯву эътибори баланд гардониданд, ки шукронаи замони осудаю замини сербораш мекунему бо сарвари ободкорамон фахр менамоем.
М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология