Изҳорот: Дилсиёҳиро давое нест!
Дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба мушоҳида мерасад, ки ҳамаи хушиҳову вазнинии рӯзгорро нафарони алоҳида фаҳмидаву қабул карда наметавонанд. Боре, шоҳиди воқеае шудам, ки фарзанди ноқобил ба падари мӯйсафеди худ насиҳат мекард, ки “ин қадар бефаҳм нашаведу ба маҷлисҳо наравед, ки фақат дурӯғ мегӯянду сохтакории маҳз аст” . Падар дар ҷавоби ин гуфтаҳои фарзандаш ботамкину истиҳола афзуд, ки “тасаввур намо, ки дар рӯи олам танҳо бидуни ҷомеа мондаӣ ” ва баъдан ба қадри мардуми маҳалла мерасӣ! Қазовати ҳоли ин ду нафар бар фарҳангу имону виҷдони ҳар як фарди алоҳида аст.Аммо, бешак аз сухононифарзанди ноқобилбӯйи ифротӣ меояд. Охир дар фарҳанги мусалмонӣ ва миллии мо меъёру анъанае нест, ки писар ба падар ақл омӯзаду, насиҳат кунад!?.Майнаи ин ҷавонро кадом манбаъ заҳролуд кардаву ақлаш рабудааст? Шабакаҳои иҷтимоӣ ё бепарвоии волидайн? Шояд худотарсу намозхон бошад, вале бехабар аз аркони дини мубини Ислом? Вагарна, ба қиблагоҳи худ чунин суханҳоро раво намедид! Шукронаи оромиву осудагии диёр мекарду агар ватандори асил мебуд, баҳри норасоии ҷомеа кӯшиш мекард?. Зеро, таънаю эродгирӣ амали танбалию ландаҳурист!
Дар ин радиф, мебояд ҳамаи содиқони Ватан, новобоста аз мансабу мақом дар ҷомеа андеша намоянд. Алалхусус, ходимони дин пешсафи ташаккули мафкураи солими ҷавонон мебояд бошанд. Ба фаъолият шурӯъ намуданимасоҷид баъд аз сарнишонии хурӯҷи пайдошавии COVID-19 амали некқадами давлат асту макониталқини одобу инсоф, тавфиқу инсонгарӣмебояд бошад. Вале, аксарияти ходимони дин нисбати ин масъала саҳлангорӣ менамоянд. Магар андешаи Худованд намекунанд, ки ифротиёну беодобонро дӯст намедорад? Масъулини кумитаи маҳалливу фаъолони дигарро низ мебояд оид ба масъалаи тарбияи ҷавонон фаъолияти худро тақвият диҳанд.
Эҳтимол меравад, ки маҳдуд кардани иртиботи ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоӣ, яке аз роҳҳои пешгирии коҳишёбии фарҳанги ҷавонон гардад. Дар Чин масалан, давлат истифодаи шабакаиҳои иҷтимоиро маҳдуд ва назорат мекунаду нафаре аз ин шикояте надорад. Зеро, оромии ҷомеа ва ахлоқу одоби фард болотар аз ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот мебошад. Вагарна, худо нахоҳаду ҷомеа ноором гардад, аксарияти мардум аз нооромии ҷомеа ҳам саломатии худ бой медиҳаду ҳам ҷойи корӣ , ки боиси коҳишёбии оилаи солим мешавад.
Ҷиҳати масъалаи пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебояд ҳамаиқишрҳои ҷомеа ва ҷамъи масъулинфаъол бошанд, баҳри таъмини суботу оромии ҷомеа пайваста талош намоянд. Иншоолоҳ, ғайрати дастаҷамъонаҷомеаи моро аз ҳар балоҳои ифротӣ эмин нигоҳ медорад. Ва хар фарди ватандӯсту солимфикр дар амалисозии ин мақсадҳо худро бетарафу бемавқеъ нагирифта фаъолона кӯшиши бартарафсозии ин норасогиҳо мебояд доштабошад.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”