Хиёнаткунандаи носипос
Мардуми тоҷик аз қадим бо меҳнати ҳалол пул меёфту ризқу рӯзиашро мегузаронд. Умуман мардуми тоҷик ҳалолкор аст. Бо меҳнат аз роҳи ҳалол ҷӯёи ризқ шудан иродаи мардӣ ва шарафи инсониро мехоҳад. Воқеан на ҳама метавонад, ки бо пулу моли ҳалол рӯзгорашро таъмин ва оилаашро хӯронаду пӯшонад. Нафароне ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ва Муҳиддин Кабири барин ба чашм мерасад, ки маҳз барои пайдо намудани маблағ ва таъмини оилаи худ даст ба дуздию ғоратгарӣ, қаллобию одамфиребӣ, қатлу куштор ва даҳҳо ҷинояти дигар мезананд.
Ин нафарон гурӯҳи одамони баду зиёноваранд. Чун ҳамеша бо амалҳои нохуби худ ба ҷомеа зарари моддию маънавӣ мерасонанд. Бехабар аз он, ки дар китоби Қуръон омадааст, ки “муъмин бародари муъмин аст”. Ин нафарон хиёнаткори миллати худ ҳастанд бар ивази пули нопоки хоҷагони хориҷа миллати худро мефурӯшанд, мардумро фиреб медиҳанд, ки дар натиҷа чандин модарон бе фарзанду чандин кӯдакон аз падар маҳрум шудаанд.
Вақте ки хиёнат мегӯем, ба назарамон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷои онро девори нафрату кина мегирад. Ин нобакорони хиёнаткор аз хориҷа истода ба ҷои фоидаи худро расонидан зиён мерасонанду мардумро ба иғво меанзанд.
Бояд қайд кард, ки хиёнат бадтарин гуноҳе аст, ки ҳатто бахшиданаш гуноҳ аст. Ҳама бадбинию бадгӯӣ дар ҳаққи ин хоинон кам аст ва агар онҳо дар пасттарин ҳолат низ афтанд, зарраи тараҳҳум барои онҳо ҳаром аст, чун онҳо пурарзиштарин ганҷ, муқаддастарин арзиш, ноёфтарин неъмат, волотарин сарват барои инсон ВАТАН-МОДАР-ро фурӯхтанд. Ин гурӯҳро ҳатто Худо дӯст намедорад ва сароҳатан ин чиз дар сураи “Ҳаҷ“ ояи 38-и “Қуръон” чунин омадааст: “...ҳамоно Худо ҳар хиёнаткунандаи носипосро дӯст намедорад”.
Биоишаи Назар