Рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои некӣ зарур аст

Аз Абухурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Ҳар касе ба Худо ва рўзи қиёмат имон дорад, бояд хамсояашро озор надиҳад ва ҳар касе ба Худо ва рўзи охират имон дорад, бояд меҳмонашро эхтиром кунад ва касе, ки имони ба Худо ва рўзи охират дорад, бояд сухани некў бигўяд ё сукут ихтиёр намояд”.

Дар ин ҳадис нигоҳ доштану, риъоя кардани ҳақи ҳамсоя аз камоли имон ва ранҷу зарар расондан ба ҳамсояро аз гуноҳони кабира шумурда шудааст. Чи тавре ки паёмбар (с) фармуда: “Касе, ки ба Худо ва рўзи охират имон дорад, бояд ба ҳамсояаш азият нарасонад”.

Солиёни зиёд тоҷикону қирғизҳо дар марзи муштарак кору зиндагӣ дошта, ба якдигар кўмаку ёри мекарданд, ки ин боиси устувор шудани равобити дўсти дар миёна ду халқ буд.

Аммо дар натиҷаи иғво дар масъалаи об моҷаро дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ки дар натиҷа вазъият дар марзи тоҷику қирғиз боз муташаннич гардид. Дар даргириҳои ин рӯзҳо аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд. Тарафҳо вазъиятро ба зудӣ ба эътидол оварданд. Дар манба оварда мешавад, ки “30 апрели соли 2021 Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз як рӯзи муноқиша дар марз, ки аз ду ҷониб даҳҳо захмиву кушта бар ҷой гузошт, телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизистониаш Содир Ҷабборовро "дар наздиктарин фурсат" бо як сафари расмӣ ба Душанбе даъват карда ва гуфтааст, "санаи баргузории мулоқот дертар тавассути каналҳои дипломатӣ маълум хоҳад шуд". Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба мувофиқа расидаанд, ки дар нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мулоқоти рӯ ба рӯ мекунанд. Аз он пеш, рӯзи 1-уми май, музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ дар мавриди таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд доир хоҳад шуд”.

Халқи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ивази заҳматҳои бузурги маънавӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ, машаққат ва сабру таҳаммули беқиёс насиби оромӣ гардидааст ба такрори воқеаҳои гузашта роҳ намедиҳад.

Таърихи башарият гувоҳи он аст миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, киҷавҳари он чаҳорчӯбаи принсипи миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон» аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, аз ҷумла Имоми Аъзам нуҳуфтааст, тавонист садди роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҷароҳати он захм сиҳат нагаштааст ва шояд ин ҷароҳат ҳамеша боиси нороҳатии мо бошад, чунки халқи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш бар сари ҳеч қавму миллате ва болотар аз он, бар сари халқи худ теғ накашидааст. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша бо Худои худ дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ дар ҳар шакле, ки набошад ҳамроҳ буд. Муборизаи ӯ аз тариқи камолоти нафсию рӯҳӣ ва фазилатҳои инсонӣ сурат мегирифт.

Усанов Р.Т., дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ