Изҳорот: Салимпур лофзани Кабирӣ
Дар таърихи 29-соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хиёнатҳои пайравони ва узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ ТЭТ ҲНИ ошкор ва ҷинояткорон ба назди қоннун барои ҷавобгарӣ даъват гардиданд. Муҳиддин Кабирӣ ҷинояткори рақами 1 барои ҳамагон маълум аст, ки ба сари миллати тоҷик чи бадбахтиҳо овард.
Новобаста аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳизби наҳзати ислом чашм пӯшида онро бахшид, ин гурӯҳ бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ намуд. Табаддулоти моҳи сентябрии соли 2015 низ яке аз нақшаҳои пинҳонии ин гурӯҳи ифротӣ буд. Баъд аз ин ҳодиса роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ба назди хоҷагони хориҷии худ рафта, дар онҷо низ боз даст ба хиёнати ватан мезад. Имрӯз мардуми азизи Тоҷикистон аз симои асосии ин ҳизб огоҳ гаштанд. Баъди ҳодисаи даҳшатноки қатли сайёҳони хориҷӣ, ки нақшаи тарҳрезикардаи ТЭТ ҲНИ буд, аз кирдори ношоистаи ин ҳизби ифротию террористӣ аксари кишварҳои олам низ огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористӣ мешиносанд.
Ҳоло бошад Муҳиддин Кабирӣ аз минбари сомонаи “Бомдод.ком” маккорона дар роҳи сиёҳӣ худ истифода бурда истодааст. Салимпур ҳамчун сухангӯи Кабирӣ ва Паймони миллӣ баромад намуда, аз мавқеи онҳо ҳимоят мекунад. Зин-рӯ сомонаи мазкур сирф сомонаи ифротӣ ва минбари таблиғотии наҳзатиён мубаддал гаштааст. Ҳамаи гузоришҳои “Бомдод.ком” ба ҳақиқат рост намеояд. Сухангӯи Кабирӣ худро Мирзои Салимпур бори дигар исбот намуд!
Шаҳрзод Баҳорӣ