Ҳар фитна ба зарари фитнагар аст
Давоми 15 соли охир дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикситон бо Қирғизистон беш аз 100 низоъ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ҳама ҳолат сабаб рафтору кирдори ғайриқобили қабул аз ҷониби ҳамсояҳо будааст. Тибқи иттилоъ ҷониби қирғизҳо дар муддати ишорашуда ҳамеша дар вақти муноқиша аз сангу калтак то яроқи оташфишон, аз қабили милтиқи шикорӣ, снайпер истифода мекардаанд, ки ҷониби Тоҷикистон тайи ин солҳо талафоти зиёди ҷонӣ ва молӣ дидаааст. Ҳатто хабарҳо ҳаст, ки сарҳадбонон ва мардуми наздисарҳадии ҷониби мавриди назар гоҳу ногоҳ ба чорвою боғу киштзорҳо низ ҳуҷум намуда, ба чорвоҳоро ба яғмо бурдаву захмӣ намуда, боғу киштзорҳоро харобу поймол мекардаанд. Дар давоми ин 3 панҷсола Тоҷикистон аз оини ҳамсоядорӣ кор гирифт, ҳамеша ба хештандорӣ кӯшид, то замоне расаду баҳсҳои марзӣ бо роҳи мусолиҳаомӯз ҳал гардад.
Аммо ҳаводиси охир, ки бо фитнаи ҷониби ҳамсоя ба вуқӯъ пайваст, далели он аст, ки Ҷумҳурии Қирғизистон аз ноамн шудани вазъ мафиат дорад ва ё дар ҳоли ҳозир манфиат меҷӯяд. Гар не, пас чаро аз ҳаводиси охир, ки он бевосита бо тайёрии пухтаи сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба амал омад, ва билхоса бо далериву шуҷоатмандии сарҳадбонони тоҷик фурӯ нишонида шуд, ин қадар ҳангомаву валвалаҳои бесосро аз ҷониби Қирғизистон ба бор намеовард!
Агар ин фитнаи ҷониби ҳамсоя намебуд, пас чаро баъд аз ба музокирот омадан, истифодаи роҳҳои транзитиро барои Тоҷикистон баст. Ҳавопаймои моро пас гардонд. Ин иқдом дар паси парда бозиҳои зиёдеро пинҳон кардааст. Бо ин роҳ ҷониби Қирғизистон хостанд ба имиҷи сиёсии Тоҷикистон ва иқтисоди мо латма зананд. Ҷабри ин кори “сиёсатмадорони ҳамсоя”-ро имрӯз қирғизҳо кашида истодаанд. Дар тамоми расонаҳои ҳамсоя хабари гароншавии бесобиқаи маҳсулоти ниёзи аввалия дар сархат мебошад. Ҳатто мардуми ин кишвар эълони бар ивази либосу дигар ҷиҳози хона барои ба даст овардани маҳсулоти ниёзи аввалия дар сомонаҳо васаҳифаҳои тиҷоратӣ ба миён гузоштаанд.Ин аст, натиҷаи сиёсати нодурусти хориҷӣ ва ҳамчунин риоя накардани оини ҳамсоядорӣ.
Дар ин раванд шикояти ҳомии ҳуқуқ Сания Токтогазиева, ки бо имзои ҳуқуқшиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати ҳодисаҳои 28-29 апрели соли 2021 ба Додгоҳи байналхалқии ҷиноятӣ (Суди Гаага)муроҷиат карданаш ба оташ равған рехтанро мемонад.
Ҳарчанд ин амал аз ҷониби дафтари кории президенти Қирғизистон маҳкум шуда бошад ҳам, аммо ҷониби мавриди назар ба диди аввал аз ин ҳам манфиатдор аст ва ҳеч не манфиат ҷӯё аст.
Дар шароити кунунӣ ҳар иқдоми носанҷида пеш аз ҳама ба зарари худи Қирғизистон аст. Инро тасмимҳои носанҷидаи охири онҳо бараъло равшан собит намуданд. Бо ин метавон ба он бовар расид, ки минбаъд низ Тоҷикистон омодаи бо роҳи музокироти мусолиҳатомез ҳал намудани баҳсҳои марзӣ мебошад, ба шарте ки ҷониби ҳамсоя омодаи ин роҳи ҳалли низоъ бошад. Дар акси ҳол Тоҷикистон низ сухане барои гуфтан дорад...
Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,
Бардор ба оҳан оҳани тафтаро.