“Бешарафӣ”-и Муҳаммадиқболи хиёнатпеша ифшо шуд
Бо тамошои қисмати 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” таҳти унвони “Бешарафӣ”, ки аз разолату ҷоҳилияти як тан аз аъзо ва пайравони ашадии ташкилоти экстремистӣ-террористии собиқ ҳизби наҳзатиислом мебошад бори дигар аз тинати пасту фитрати ғайриинсонии ин қабил афроди ватанфурӯшу беимон огоҳ гардидем.
Дар воқеъ тавре дар филми мазкур қисса мешавад, Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯзҳо худро яке аз муборизони сохти конститутсионии Тоҷикистон ва ҷабрдида унвон медиҳад, равшан аён мегардад, ки ӯ як бахтбохтаву гумроҳе будааст, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ харидорӣ гардида, чанд сол дар зери иҳотаву супоришҳои онҳо нақши занонаро бозидааст.
Ҳамзамон мавсуф ба фиребу найранги омма машғул гардида, мардумро бо пеш овардани сураву оятҳо аз дини мубини ислом ба гумроҳӣ кашида, моли онҳоро муфт хӯрдааст.
Тавре бузургон мефармоянд:
Фарзанд ҳамон кунад ба ҳар ҳол,
К-аз модари хеш, в-аз падар дид.
Дар ҳақиқат сабабгори ин бадбахтиву моил ба ҳамҷинсгароӣ гардидани Муҳаммадиқболи Садриддин падараш Муллоқаландари Садриддин мебошад, ки нахуст ӯро ба кишварҳои хориҷӣ раҳнамоӣ намуда, тақдири бадии ӯро зери суол бурдааст.
Имрӯзҳо бешарафи Муҳаммадиқболи Садриддин аз хориҷи кишвар бо забони пур зидди давлату миллат ҳарф мезанад. Ӯ гумон намекард, ки рӯзе не рӯзе ҳатман хиёнату разолат ва ҳаромкориҳояш ифшо мегардаду, мардум аз кӣ ва чӣ будани ин хиёнатпешаву ташкилоти хунхорашон огоҳ мегарданд.
Мо омӯзгорон ба офарандагони ин филми ҳуҷҷатӣ изҳори сипосмандӣ менамоем. Зеро онҳо тавонистанд бо пешниҳоди далелҳои раднопазир симои манфуру разилонаи Муҳаммадиқболи Садриддинро ифшо созанд.
Исмоил Ваҳҳобзода