Ҳадафу мақсади асосии ин иғвогарон, ноором кардани ҷомеа
Беҳуда нест, ки Кабирӣ хоини миллату давлат буда, бо қувваҳои манфиатҷӯ, ҳамроҳӣ намуда, дар оғози амалҳои ғаразноки худ сароғоз ба арзишҳои фарҳангию-маънавиро коҳиш медиҳанд, осебпазирӣ намуда, сипас ҳисси нобоварӣ ва таҳдиду хатар, зӯроварӣ, нафратро тарғибу ташвиқ менамоянд.
Ташвиқу тарғиби ин гуна тафаккурронӣ, пайравӣ кардани ҷавонони точикистониён ба ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бе аз пеш зиёд шуда истодаанд ва бештар бо шабакаҳои иҷтимоӣ аз хориҷи Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳадафи ин гуна гурӯҳҳо дар зери пардаи шиорҳои сохта, ниқобҳои бофтаю хаёлӣ, фирефтаи таълимотҳои «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои экстремистӣ ва террористӣ даст мезананд, амалҳои худро ба «қаҳрамонӣ», «фидоӣ» шабоҳат дода, мақсад бо ҳамин роҳ ба ҳадафҳои худ ноилшавӣаст.
Фирефташудагони ин равияҳои ғаразнок, шахсони дур аз камолоти маънавӣ буда, тамоми вуҷудашон нобоварӣ, норозигӣ ва эътирози ниҳоӣ фаро гирифтааст, онҳо аз ҳадафҳои ниҳонии таҳрибкорон-пешвоёни худ ғофиланд, ба онҳо ғайр аз тақлидкорӣ, худфидокунӣ, тобеъияти қатъӣ чизи дигареро ҳам талқин намекунанд. Агар ақлу хиради худшиносӣ, заковати солим медоштанд, аз таъриху фарҳанг огаҳӣ медоштанд, шукргузориро пеша карда, қалби худро аз ғарази амволпарастӣ, кинаву адоват озод мекарданд, албатта афтору муносибати онҳо нисбати худ, ҳаёти осоиштаи мардум, дастовардҳои халқу миллати худ, наслҳои оянда дигар мешуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи худро дар раванди афкори созандагию бунёдкорӣ, Пешвои миллат хеле бамаврид изҳор доштанд, ки «Мақсади мо бунёд кардани амнияти мутараққӣ аст. Вай аз таҷрибаи бойи ба дастовардаи давлатҳои пешрафта баҳра бардошта, ҷавобгӯйи омолу ормонҳои мардум хоҳад буд…. Ормони мо давлатест, ки ҳуқуқи ҳама ашхос, тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, қавмҳо ва миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро таъмин месозад, ҳукми қонунро дар ҷомеа қатъиян ва пайгирона ҷорӣ менамояд, ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ мусоидат менамояд».
Зикр кардан ба маврид аст, ки симоиаслии Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ошкор буд ва ошкор аст. Мо, омӯзгорон набояд ба найрангу дассисаҳои ин хоини ватанфурӯш бовар кунем, чунки ҳадафу мақсади асосии ин иғвогарон, ноором кардани ҷомеа ва ба даст овардани ҳокимияти қонуниву демократӣ аст.
Ҷабборова Вазирахон – муаллимаи донишгоҳ