Давидани гӯсола то каҳдон...
Пас аз тамошои филмнавори “Хиёнат”, ки дар оинаи нилгун аз шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, хеле ғамангез гаштем ва ба хулосае омадем, ки то ҳол мардуми нохалаф дар гирди мо будаанд. Афсӯс, ки ба ҳар яки онҳо рафтору кирдори дигар ҳамсафонашон дарс намешавад ва онҳо аз кардаи худ даст намекашанд. Махсусан, саргузашти Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бисёр саҳеҳу далелнок тасвир карда шудааст, инсонро ба ҳайрат меоварад.
Аз филмнавор бармеояд, ки Муҳаммадиқбол як қатор мардуми содаро бо роҳҳои фитнаангезба доми худ андохта, пулу моли онҳоро аз худ намуда, мардуми бечораро бо роҳи “ислом” фиреб кардааст. Ин ҳама амалҳои нопокро Муҳаммадиқбол дар кишвари Афғонистон аз худ намуда, нияти ғаразноки худро дар Тоҷикистон амалӣ намудааст ва бо ин роҳ соҳиби якчанд хона шуда, онҳоро ба хориҷиён ба иҷора супоридааст ва ба давлат ягон хел андоз намесупорад. Ин беинсофии Муҳаммадиқбол бояд ҷазо дода шавад! Ӯ набояд барои ин кирдорҳои нопокаш дар канор монад! Зеро ки “давидани гӯсола то каҳдон аст”.
Асоси нопокиҳои Муҳаммадиқболро мо дар тарбияи падараш мебинем, зеро ки ба гуфти ҳамсоязан оилаи Садриддин обрӯву эътибори хуб надорад. Дар баробари ин ягон ҳамсоя бо ин оила алоқаи хуби инсонӣ надорад ва ин оила ягон саводи кофӣ надорад. Ғайр аз ин, падари ӯ намехост, ки фарзандаш ба муассисаи таълимии давлатӣ равад ва ба ҷои ин ӯ Муҳаммадиқболро ба масҷид барои аз худ намудани “қоидаву қонунҳои” динӣ мефиристад. Аз он сабаб, ки падари ӯ дар маҷлиси синфии падару модарон иштирок намекард. Муҳаммадиқболи Садриддин дар муассисаи таълимӣ чун як талабаи зиёнрасон ҳисоб мешуд. Сад афсӯс, ки падар ба решаи пайванди худ хуни ифлосро ҷой дода, ба писари худ ғизои маънавии носолимро раво дидааст. Гарчанде ки падар аз писари худ умеди калон дошт, натиҷаи тарбияи носолими ӯ буд, ки писар дар натиҷа дар ҷанозаи падараш иштирок накардааст.
Аз филмнавор ба хулоса омадан мумкин аст, ки охири ин гуна афродон хуб нест. Ягон нафари ватанфурӯш ё хиёнаткори Ватани маҳбубамон ба қуллаҳои баланд нарасидааст. Аз ҷавонони имрӯза даъват ба амал меорем, ки аз ҳамсӯҳбативу ҳамнишинӣ бо ин гуна афродон дур бошанд. Зеро ки ҳаёти инсон ба ҳар як шахс азиз аст ва ҳар як одам офаридгори бахту саодати худ аст.
Кафедраи забони олмонии факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”