Табъи дадгони меросӣ

Мардуми тоҷик аз азал сулҳхоҳу меҳрубон ва дўстдори мардумон буданд, зеро медонистанд, ки дар ин дунё бидуни дўстӣ бо ҳамдигар кори ҳеҷ як нафар пеш намеравад. Маҳз ҳамин дархти дўстӣ аст, ки коми дил ба бор меорад ва маҳз ҳамин ниҳоли душманист, ки ба одамият ранҷи беинтиҳо мерасонад. Суханвари бузург Абдураҳмони Ҷомӣ дар вақташ дар «Нафаҳот-ул-унс» ном асараш дар мавриди фоидаи дўстӣ ва зарари душмакнӣ оварда буд, ки: «Чун дўстонро ёд мекунӣ, бўстони дарунат аз хушӣ мешукуфад ва аз гулу райҳон пур мешавад ва чун зикри душманон мекунӣ, боғи дарунат аз хору мор пур мешавад ва пажмурдахотир мегардӣ». Мутаассифона, дар дунё ашхосе вуҷуд доранд, ки ҳадафашон танҳо расонидани зарар ба дигарон аст.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қадимулайём бо муросову мадоро бо бадтинаттарин қавм зиндагӣ карда омад, бо ҳамин муросову мадоро дили хилофати арабро ба даст овард. Фарзандони далери ин миллат ҳалли масоили рўзгорро бо муноқиша кўшиши беҳуда ва кори ношуданӣ медонанд, зеро онҳо хуб медонанд, ки низоъ, ҷангу пархош танҳо вайронӣ меораду бас. Онҳо чунин гуфтаҳои пайғамбаронаи Ҳаким Фирдавсиро ҳаргиз аз хотир фаромўш намекунанд:

Чунин аст анҷому фарҷоми ҷанг,

Яке тахт ёбад, дигар гўри танг.

Бо роҳи иғво, дасиса ва ҳила ягон вақт натиҷаи мусбат надода буд ва нахоҳад дод.Мутаассифона, дар байни халқи ба мо дўсти қирғиз чунин иғвоангезоне ҷой доранд, ки ҳадафашон танҳо ворид намудани рахна ба дўстии ин ду халқ аст. Ба иддае аз онҳо чунин хусусият меросӣ аст:

Фиравсии бузург гуфтааст:

Зи бадгавҳарон чашми некӣ мадор,

Кунад морбача ҳамо н кори мор.

Дар фасли 14-уми як китоби ҷуғрофии беш аз ҳазор сол дар рўзгори Сомониён таълифгардида бо номи «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ ила-л-Мағриб» дар хусуси тинати вайрони чунин нафарон омадааст:«Ва ин мардумон (яъне қирғизҳо-Ҳ. А.) андаке табъи дадгон доранд ва дуруштсуратанд...ва бедодкор ва камра[мат... Ва эшонро бо [ама rавме, ки аз гирдогирди эшон аст, xанг аст ва душманист....Фурb номи rавме аст [ам аз Хирхиз. Андар машриr аз Хирхиз бошанд. Эшон бо дигар хирхизиён наёмезанд ва мардумхоранд ва бера[м. Ва зуфони эшон дигар хирхизиён надонанд ва чун ва[шианд….».

Афсарони дар марз қарордоштаи тоҷик танҳо ба хотири дифои ватани азизи худ шабу рўз садоқатмандона дар хидматанд, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ нияти расонидани зарар ба ҳамсоягони худро надоранд, зеро медонанд, ки «ҳамося ба ҳаққи Худо баробар аст». Ҳама огоҳанд, ки аз ҷониби низомиёни қирғиз борҳо сўи онҳо тир холӣ шудааст, аммо онҳо бузургтарин неъмати дунё будани дўстиро дар гўшаи хотири худ нигоҳ дошта, ҳамоно бардошт, таҳаммул мекунанд:

Ҳар қадар сангзанон санг ба ман андозанд,

Ҳамчунон домани кўҳсор таҳаммул дорам.

Онҳо хуб медонанд, ки одамият эҳтироми одамӣ аст ва он мақоми воли одамист. Халқи бародари қирғиз бояд инро хуб дарк намояд, ба ваҳшигарӣ, куштор роҳ надиҳад.

Ҳасанзода Абдуҷамол Ашраф-профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ