Тоҷикон тарафдори ҳамзистии осошта
Тӯли чандин даҳсолаҳост, ки баҳсҳо ва муноқишаҳои сарҳадӣ дар минтақаи Ворух дар байни тоҷикону қирғизҳо хотима намеёбанд. Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.
Пешвои миллат ҳангоми сафари худ ба шаҳри Исфара дар вохўрӣ бо сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар суханронии худ қайд карданд, ки «…Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух мерасонам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст». Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдорӣ ҳалли масъалаҳои мавҷуда тариқи гуфтушунид бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар мебошад.Тоҷикон ҳамеша омода аст ба ҳамсоягон дасти ёрӣ дароз кунад,зеро онрўзҳои вазнине, ки дар таърихи навини тоҷикон шуда гузашт ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарояд. Инчунин Пешвои миллат дар суханронии худ дар ироа карданд, ки: «…дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад»
Тоҷикон ҳамеша ҷонибдорӣ сулҳу дўстӣ мебошад. Бо баробари ин хеҷ як давлатба минтақаидавлати дигар даъво карда наметавонад. Мо умедворем, ки масъалаи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ба манфиати ҳар ду давлат ҳал хоҳад шуд. Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Зеро яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон мебошад.
Барно Умарова