​Ақидаҳои пучу хоми Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ТЭТ ҲНИ дар яке аз баромадҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки ТЭТ ҲНИ аз таърихи пайдоиши худ бо мақсади ба дину диёнат ва адлу адолат аст. Ин андешаи ахмақонаи ӯ хатои маҳз буда, аз 6 октябри соли 1990 фаъолияти ҳизби наҳзати ислом ба таври расмӣ ҳукми қонуниро гирифта, то 29 сентябри соли 2015 амал кард. Аслан баъди фурӯпошии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ яккаҳизбию фаъолияти ҳизби коммунистӣ маҳдуд карда шуда, ҷараёни бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон ба амал омад. Ҳар як ҳизби ҳукмрони сиёсӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – барнома, оиннома ва низомнома бояд фаъолияти худро ба роҳ монад. Вале дар давоми таърихи фаъолияти ҳизби наҳзат мушоҳида мешавад, ки на ба барнома ва на ба оинномаи худ амал карда, он ҷое, ки амалҳои номатлуб, ғаразона ва ҷиноятиҳо содир мешуданд, ҳама ҷиноятпешагони боздоштшудаи амалҳои характери ифротгароӣ ва террористидошта ҳама пайравони ҳизби наҳзати ислом маҳсуб меёфтанд. Кабирӣ як лухтаки хоҷагони хориҷиаш маҳсуб меёфт, қайд мекунад, ки мардуми Тоҷикистон новобаста аз кадом мазҳаби ислом будани он рӯ оварда, номҳои фарзандони худро ба пайравӣ ба пешвоёни ислом мегузоранд. Худ аз писари бо номи пешвоёни ислом мутааллиқбуда гузошта будааст, ки ӯ ҳам монанди падар ба амалҳои ғайриинсонӣ ва номатлуб доимо даст дошт.

Кабирӣ ва ҳаммаслакони боғаразаш ба ягон ҳизбу ҳаркати исломӣ ва ҷараёни ифротии Салафия, Ихвон-ул-муслимин равияҳои дигар, чунончи бошиа низ зиддият надорад. Албатта аз ин мулоҳиза бармеояд, ки ӯ ба ин гуна ҷараёнҳои ифротгароён забони як дорад, ё ин ки амлу мақсадашон як аст, яъне робита дорад. Аз ин лиҳоз, изҳор медорад, ки ба амалҳои ифротгароии ғайриконститутсионии соли 2015 ягон нафар бо вокуниш баромад накард. Албатта маълум аст, ки ҳамаи ин амал ва нақшаҳои ифротиёни ТЭТ ҲНИ буда, кирдорашон ошкор шуд, ки боиси вокуниш нишон додани тарафдорони хиёнаткорашон гардад.

Кабирӣ андеша дорад, ки мардуми Тоҷикистон ҷонибдори наҳзатиён асту минбаъд низ ин пайравон зиёд хоҳад шуд. Маълум аст, ки кирдору рафтор ва амалҳои манфуронаи наҳзатиён ошкор гардид, зеро ин амалҳои ғайриинсонии онҳо дар мисоли филми мустанади “Хиёнат” дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ нишон дода шуд. Тибқи маълумоти Кабирӣ имрӯзҳо аз дохили мамлакатамон ба наҳзатиёни хоини давлату миллат робита ва тамос дошта, норозигӣ ва андешаҳои худро нисбати мақомот ва ҳукмат изҳор медоранд, ки ин хато ва бӯтони маҳз аст. Баръакс аз дохили мамлакат разолату хиёнатпешагиҳои наҳзатиёнро шунида, фаҳмида нисбати онҳо аз мардуми оддӣ то мақомоти қудрати нисбати наҳзатиён вокунишҳо, суханони ошкорои манфурона иброз доранд.

Ҳамин тариқ, ба роҳбари хиёнаткори наҳзатиён Кабирӣ муроҷиат карда гуфтанием, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад ва амалҳои разилона ва нопоки худ нахоҳад расид. Зеро халқи шарифи Тоҷикистон аз давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат шукрона намуда, дар ҳаёти осуда, пок аз чунин хиёнаткорони ифротӣ дар кишвар истиқомат ва фаъолият доранд.

Раҳмоналӣ Ҳазратқулов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ