Бояд ба қадри тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдат бирасад

Яке аз мавзӯъи доманадоре, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, симои аслии Мухиддин Кабирӣ.

Мардуми кишвари Точикистон ин шахсро хамчун як нафари хоин, ватанфурӯш мешиносанд. Ин ватанфурӯши миллат дар Аврупо зиндагии мухоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Ҷазои чунин афроде, ки Ватану миллати худро мефурӯшад ҳамин гуна хоҳад буд. Чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа на таърих ҳеҷ гоҳ намебахшад. Хоинони миллат, ки нисбати халки мо мекунанд хеч гох ба максади нопоки худ намерасанд ва нахоҳад расид. Беҳуда бузургон нафармудаанд: “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд”.

Роҳбари давлат дар атрофи ин масъала борҳои ибрози андеша намуданд. Ҳоло наҳзатиҳо барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан аз терроризм истифода мекунанд. Терроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст. Таҷрибаи бадастомада оид ба “терроризм” огаҳӣ медиҳад, ки хатари он бисёр давлатҳои ҷаҳонро таҳдид мекунад. Терроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза метавонад ба низоми давлатдорӣ таъсири манфӣ расонад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Наҳзатиҳо инро яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рў ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Сарчашмаи мактаби инсононӣ - мактаби модар аст. Барои ҳамин, дар навбати аввал модар бояд донандаи илми мукаммал бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монада, вазифаи аввалиндараҷаи худро ба хотири ояндаи неки фарзанди худ дар рўҳияи ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ тарбия намояд. Ҳар як шаҳрвандони тоҷик бояд ба қадри тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдат бирасад.

Қурбонова Мусабеъхон - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ