Хиёнат гуноҳи нобахшанданист
Мардуми Тоҷикистон фахр аз он дорем, ки дар чунин Ватани ободу зебо ва тинҷу ором, ваҳдатовару сулҳовар умр ба сар мебаранд. Афсӯс, ҳастанд ашхосе хиёнаткоре аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин, Кабирӣ ва ғайра ҳамфикрони онҳо ки, пушти парда худро ватандӯст вонамуд намуда, хоҳони кирдорҳои нопоки хешро роҳандозӣ менамоянд. Албатта, хиёнат бузургтар ва пургуноҳтарин аз ҷиноят аст ва дар ҳеҷ гӯшаву канори олам хиёнат бахшида нашудааст ва имрӯз ҳам нобахшандани нахоҳад шуд, инро набояд аз хотараҳо фаромӯш созанд душманони миллати тоҷик минҷумла ин хоинони бадниҳоду бадгавҳар.
Аз ин лиҳоз, имрӯзҳо ин хоинони миллат сомонҳои ифротиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо маблағгузорӣ хоҷагонашон таъсис намуда, ба мардум фиребиву мардумозорӣ даст мезананд. Аммо мардуми халқи тоҷик аз амалҳои бадҳоҳони миллат кайҳо маълумоти аниқ доранд ва ҳеҷ гоҳ ба чунин шабакаҳои иҷтимоӣ гумроҳӣ намекунанд. Дар ҳақиқиат ҳам ҳамин рафтор ва муносибатҳои бадхоҳонаи ин бе ватанҳо нишон медиҳад, ки чӣ тавр ин ҷаллодони зархариди душмани миллату ватани хеш гардида, барои ду танга ба чӣ хиёнатҳо қодиранд.
Бинобар ин, вазифа ва қарзи шаҳрвандии мост, ки хоинонро шиносему онҳоро ҳамвора нафрин кунем. Дарк намоем, ки гуфтаҳои онҳо ба хаспорае намеарзаду доду фарёди онҳо чун “овоз ва аккоси сагон ба сӯи моҳ” асту бас. Донем, ки онҳо ба андозаи як дона арзан ҳаққи ҳарф задан аз номи ватани моро надоранд. Аз хотир ҳама бадбинию бадгӯӣ дар бораи ин нафарони бадхоҳ кам аст ва агар онҳо дар пастарин ҳолат низ афтанд, зарраи тараҳҳум бар онҳо ҳаром аст, чун онҳо пурарзиштарин ганҷ, муқаддастарин арзиш ноёфтарин неъмат, волотарин сарват барои инсон Ватан – Модарро фурӯхтаанд. Хиёнат гуноҳи нобахшанданист.
Ҳакимова З. – дотсенти кафедраи фалсафа