Таърих: Тоҷикон тарафтори сулҳ

Чи гунае, ки оинаи таърих ба мо нишон медиҳад, миёни ин ду кишвари ҳамсоя, ки бо ҳам дӯсту бародаранд ҷангу низоъу нофаҳмиҳо набуд. Қобили зикр аст, ки мо тоҷикон дар тӯли таърих ҳеҷ як бор ҷангро оғоз накардаем. Мо дар ҳама даргириҳои таърихӣ миллати сулҳхоҳу сулҳпарвар будем. Ҳар ҷанге сар зад танҳо барои ҳимояи марзу номуси миллат ва давлати хеш буд. Таърих ёд надорад, ки миллати тоҷик сарчашма ва ташкилочии ҷангу хунрезӣ гашта бошад. Аммо муноқишаҳои чанд вақти охир нишон дод, ки ҷониби Қирғизистон ҳиси башардӯстии моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар гуна тӯҳмату тавҳин ва бӯҳтон зери по намуда низову нофаҳмиро дар марз мунтазам ташкил намуд. Мо ба ҳар як ин ташкилиҳои мунтазами қирғизҳо чашм пушида сабру башардӯстиро пеша намудем. Муноқишаи охирини ҷониби Қирғизистон аз оини инсониву дӯстӣ ва ҳамсоягӣ набуд. Ба ҷониби оне ки онҳоро ҳамчун миллати дӯст ва бародар медонист аввалин гашта ҳуҷуми мусаллаҳона кард ба мардуми осоишта оташ кушод ва хонаҳояшонро хароб сохт. Ҳамаи инро дида сабри ҷониби мо ҳам лабрез гашт ва ба ҷониби қирғиз нишон дода шуд, ки мо дар ин марз ба қавле "ҳамту" таваллуд нашудаем. Бо ин ҷавоби дандоншикан мо нишон додем, ки мо ҳам метавонем марзи хешро ҳимоя кунем ва қудрат дорем, ки марзи ҷонибро низ ҳимоя ва аз худ карда бошем. Агар саҳифаҳои таърихро назар кунем тоҷикон бо қирғизҳо бисёр солҳо сари ин масъала гуфтушунидҳо кардаанд. Ҳамчунин дар ин замина ҳатто комиссияҳо ташкил намуда як қатор қарорҳо қабул кардаанд, ки ин гувоҳ аз он медиҳад, ки мо ин масъаларо метавонем бидуни ҷанг ҳаллу фасл намоем. Аммо ҷониби Қирғизистон қарорҳои қабулгардида ва комиссияҳои паритетии солҳои 1925, 1936, 1969, 1989 собит менамоянд, ки бародарони қирғиз қарори Президиуми ВЦИК (Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссияги)-ро аз 4 майи 1925 ва қарорҳои минбаъда дарҷ гардидаро оиди дурустии кори комиссия дар масъалаи сарҳад эътироф намекунанд ва қотеъона қарорҳои яктарафа қабулгардидаи солҳои 1958-1959-ро дархост мекунанд, ки ин асос надорад. Ин дар ҳолест, ки ин қарорҳо бо розигии тарафайн ба имзо расидааст. Аз ҳамон солҳои пеш масъалаи марз миёни ин ду кишвар дар мадди аввал буда то ба ҳол дунболи ҳалли он қарор дорад. Масъалан тибқи санадҳои таърихии соли 1958, аз ҳудуди Хуҷанд 56 ҳазор га, Конибодом 10,8 ҳазор га ва аз Исфара 32.780 га замини Тоҷикистон ба қирғизҳо ба иҷора ба муддати 25 сол дода мешавад. Соли 1958 аз марзи колхози ба номи «Калинин», чамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара 144 ҳазор га замин аз ҳисоби заминҳои дар мавзеи Работ буда, то Кони-Ғут, ки яке аз конҳои қадима буд, ҳамчунин дар назди он бинои касалиҳои рӯҳи ва гӯсфандшӯяки колхози Калинин ҷойгир шуда буд, ба қирғизҳо ба иҷора дода мешавад. Ҳамин тариқ аз соли 1958 то 1962, аз ҳисоби заминҳои чарогоҳии Исфара 32780 га замин ба марзи Қирғизистон ба иҷора дода мешавад. Мардуми қирғиз ки ин иҷораро ҳамчун армуғон қабул карда минбаъд худро хоҷагони ин марзҳо шумориданд. Вобаста ба ин раванд дар мероси бойи ниёгон бошишгоҳҳои қадимаи точикон Хоҷа-Ғор, ки академик Бобочон Ғафуров дар китоби худ «Тоҷикон» маълумот дода навиштаанд: «Дигар ёдгории палеолити боло, ки бо номи Хоҷа-Ғор машҳур буда, дар водии хурди силсилакӯҳи Туркистон, дар назди Чоркӯҳ воқеъ аст. Ин ёдгори ба охири палеолити боло тааллуқ дорад. Эҳтимол меравад, ки одамон дар ин ҷо 15-12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологи зиндагонӣ кардаанд» (Ғафуров Б. «Точикон». Душанбе, «Ирфон-1983, саҳ. 17»). Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки гузаштагони тоҷикон аз ҷое наомадаву маҳз дар ҳамин сарзаминҳои бобоӣ ба олами ҳасти чашм кушода рушд намудаанд. Ҳамчунин, мавзеи Хоҷа — Ғор яке аз бошишгоҳҳои қадимаи тоҷикон буда, дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун маскани бобои дар идҳои «Наврӯз» ва дигар чашну маросимҳо барои сокинони ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва мардуми Исфара макони сайру сайёҳат, чашнҳои миллӣ буданд. Мувофиқи баъзе гуфтаҳо ин мавзеъ аслан дар асоси васиқаҳо ба сокини ҷамоати Чоркӯҳ Мулло Абдураҳмон Махсум ва фарзандони он кас Мулло Турсунбой-махсум тааллуқ дорад. Дар паҳлӯи чапи Хоҷа-Ғор мавзеи чарогоҳии «Ғозник» (Сайдгоҳ) ва дар паҳлӯи рости он мавзеъҳои чарогоҳии Кин-кон, Ҳоитак, Исковут, Сафедорак, Бедак, дар доманаи кӯҳи сарбафалаккашидаи Сари-сорт (Сарасво(а)т), ки ба маънии «тачасумкунандаи об» ва дар қуллаи он «Ҳамворӣ» омадааст, воқеъ гардидааст. Қобили зикр аст, ки айни замон, қирғизҳо бидуни ягон далелу санад ҳадди хати муайяни сарҳади Исфараю Бодкон ва қисматҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро чун мулки бобоии хеш даъвогарӣ доранд ва пайваста роҳи Ворухро мебанданду Ворухро дар анкалав “инзиво” қарор додаанд, вақтҳои охир онро азони худ дониста истодаанд. Ин хилофи манфиатҳои миллии мо мебошад. Мо мардуми тоҷик махсусан зиёиён барои дар анкалав намондани як пораи хоки Ватан ҳамеша талош кунем.

Ба ҷаҳониён бо далелҳо маълум намоем, ки Ворух анкалав нест ва набуд. Поянда бод Ворух! Поянда бод Тоҷикистон!

Хушрӯзи Ҷамолиён - мутахассиси пешбари шӯъбаи тарбияи МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ