Ҳамеша обода бош!
Ба ҳамагон мусаллам аст, ки мамлакати соҳибистиқлоли мо чун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, Қувваҳои Мусаллаҳи худро дорад. Аз соли 1993 то ин ҷониб Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мекунад. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконоти бениҳоят маҳдуди вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ шуда истодаанд ва ин раванд вобаста ба рушди иқтисодиёт идома меёбад.
Баҳри фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва санҷидани омодагии ҷангӣ бо сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки дар шароити ниҳоят ташвишовари минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳимоя кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои кишвари азизамон аҳамияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Ҳамчунин, дар айни замон мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ маҳсуб дониста мешаванд. Инчунин дар ҳамсарҳади кишварамон – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,вазъият хеле мураккаб ва нофаҳмо мебошад.
Бинобар ин мо – ҷавонон бояд ҳушёру зирак ва омода бошем, то ки фазои ҳавоӣ ва сарҳади давлатамонро муҳофизат намоем.
Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
Кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ