​Дасисабозии дурӯя!

Дар байни мардум нафаре, ки дар лаб табассуму дар дил кинаву адоват дорад ба рӯбоҳ шабоҳат медиҳанд, ки бо макру фиреб ва чоплусиаш машҳур шудааст. Таҳлили амалҳои дирӯзаю имрӯзаи аъзои ҳизби мамнӯи наҳзатии Ислом низ далолати воқеии авомфиребиву дурӯягист, ки чунин пешаро Муҳиддин Кабириву ҳаммаслакони чоплусу ландаҳури ӯ интихоб кардаанд. Иғвою дасисабозиҳои онон бо чеҳраи тамасхуромез хеле хашмовар аст. Агар бо нигоҳи воқеӣ назар афканем, намудор мегардад, ки онон гӯё “доно”-ю “одил” бошанд, ки ба омма маслиҳату дастурҳо дар бобати ҷабҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон медиҳанд. Ҳамаи суханҳои онон беш аз сафсатаю ҳарзае маънии дигар надорад. Ин “мутафаккирон”-и бадандеш танҳо мақсади ноором сохтани ҷомеаю ғасби ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ ва табаддулотро доранду аз оқибати таъсири амалҳояшон ҳатто андешае надоранд. Барои онҳо муҳим “натиҷа” асту “боқӣ ҳама ҳеҷ”! Аз ҳар лаҳзаи ҳаёти осудаи мардуми Тоҷикистон норасогиҳо мекобанду ба ҷаҳониён ифшо медоранд, аммо ҳамеша ноком мемонанд. Ҳайҳот, ки то ҳанӯз қисме аз ҷавонони бетаҷриба ба доми макру фиреби онон афтодаву гумроҳу сарсон мешаванд.

Дар ин васила даъват менамоям, ки насли ҷавонро сарҷамъона аз балои маккорони дасисабоз эмин нигоҳ дорем. Зеро, насли ояндасоз сазовори арзишҳои олии инсонист, на пайравӣ ба бадандешони наҳзатии ифротгаро!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ