​Миннат ё таънаи сиёсӣ

Дар рўзҳои охир таънаи қирғизҳо доир ба кўмакашон ба Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле зиёд гаштааст. Дуруст аст, ки гурезагонро паноҳ доданд ва мошинҳои маводи ғизоиро ба кишвари мо роҳ доданд. Инро тоҷикон ҳаргиз фаромўш намекунанд.

Дар ин шабу рўз ҳаминро хотиррасон мекунам, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он ҳар мошини боркашон, ки аз ҳудуди Қирғизистон мегузашт, ба сарҳадбонон, гумрукчиён ва дигар мақомдорон «ширинкома» дода убур мекарданд. Инро ба забони худашон «хурмат» ва ё музду гуфтан мумкин аст. Ҳар мошин ғизое, ки мегузашт аз дасти сарҳадбонону гумрукиёни қирғиз бе додани пора роҳашро идома намедод. Он солҳо аз ҳисоби бадбахтии тоҷикон чандин мансабдорони қирғиз соҳиби хонаю манзил ва сарвату давлат гаштанд. Инро ҳамсоягони қирғиз чаро намегўянд, намефаҳмам.

Профессори қирғиз Кыяс Молдакасымов таъна мезанад, ки сарҳадбонони қирғиз марзи Тоҷикистонро ҳимоя карда буданд, музокироти сулҳи тоҷикон дар Бишкек ба сомон расидааст ва ғайраҳо.

Ин профессор агар саҳифаҳои таърихро хуб медонист, бояд мегуфт, ки солҳои босмачигарӣ дастаҳои аскарони сурхи тоҷикон бо роҳбарии Ҷўра Зокиров деҳаҳои мавзеъҳои Лейлек, Сулюкта, Испонӣ ва амсоли инҳоро аз босмачиёни ғоратгар озод карда буданд. Чандин аули қирғизҳоро аз дами маргу талафи чорвояшон наҷот доданд. Аммо ин фактҳои таърихӣ аз назари профессори ҷоҳил дур мондааст.

Ба ин чорводорони кўрнамак ҳунар омўзонидем. Дар давраи ташкили сохтани колхозҳо барояшон пахтакорӣ ва зироаткориро ёд додем. Бобои раҳматиям он солҳоро ба ёд оварда мегуфтанд, ки як қирғиз пахтаро ба дасташ гирифта мебинад, ки чизи сахте дар мобайн дорад, вай намедонист, ки ин чигит аст ва мегўяд: «пахтада тош бор», пахта санг доштааст.

Оши палов пухтанро ҳам ёд додем, дўхтанро ҳам ба онҳо ёд додем. Аммо ин ёд доданҳои мо сўхтанро ба мо тақдим карда истодааст.

Ҳукумати Тоҷикистонро ба ваъдахилофӣ айбдор мекунад. Гап дар сари чӣ аст? Гап дар сари муросо карда тавонистан аст. Чаро бе ягон мушкилӣ хати сарҳади байни Тоҷикистон ва Ўзбекистон муайян гашт? Гап дар сари он аст, ки ҳамдигарфаҳмӣ буд. Аммо ҳамсояҳои қирғизи мо ҳама чизро мехоҳанд, ки ба манфиати худашон ҳал кунанд ва аз ҳамдигарфаҳмӣ сухан нахоҳанд кард.

То он даме ки мисли Кыяс Молдокасымов барин иғвогарон ҳастанд, мардуми авом ба сафсаттаҳояшон гўш мекунанду масъаларо мехоҳанд, ки ба манфиати шахсиву гурўҳӣ ва қавмияшон ҳал кунанд.

Хоҳем ҳам, нахоҳем ҳам, бо ин мардум дар ҳамсоягӣ зистанамон лозим аст.Эҳтироми тарафаш бояд бошад, он гаҳ масъала ҳалли худро хоҳад ёфт.

Раҳимов И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ