Муҳиддин Кабирӣ ва тундситозиҳои олами ифротӣ
Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои фейсбукиаш ба мардумфиребиҳои намоишкорона пардохтааст. Кушода шудани як канали алоҳидаи ӯ барои вай ва таҳлилҳои бебунёдаш, ки саропо ғаразу дуруғу ифрот аст, имконият фароҳам оварда истодааст, ки майдони таблиғотҳои мафкуравии ғайриинсониро васеъ намояд. Ӯ дар хориҷи кишвар ба таҳлили масъалаҳое пардохта истодааст, ки воқеан ҳам ба мардуми тоҷик ва хусусан насли наврас тасъир расонида, мафкураи онҳоро пурра ифротиву тундтар мегардонанд. Муҳиддин Кабирӣ худ мутахассис ва ё таҳлилгари сиёсӣ нест ва ӯ як нафаре ҳаст, ки ба ҳодиса ва воқеаҳои бавуҷудомада дуруст баҳо дода наметавонад. Тафаккури таҳлилӣ надорад. Бо вуҷуди ин дар назди якранҳои сабти намоишкорона масъаларо сатҳӣ ва муғризона бозгӯ менамояд ва мақсадаш ҳамон аст, ки миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Ҳоло ӯ муллоҳо ва ё ба қавли худаш домуллоҳои ба доми ӯ афтодаро, ки хатогиҳои худро фаҳмида аз паси ислоҳ он кӯшидаанд, зери тозиёна танқид мегирад ва онҳоро одамони музлим ва бечора меҳисобат. Замоне, ки ин домуллоҳо дар назди ӯ истода, барномаҳои ифротии ӯро иҷро менамуданд, ҳамчун шайх ва оятулло онҳоро эътироф мекард ва акнун, ки ба зиндон афтодаанду фоидаашон бо Кабирӣ намерасад, бечораву мазлум меҳисобад. Яъне Кабирӣ як море аст, ки дар бо ҳар гуна ранг пайдо мешавад ва бо ҳар гуна ранг бозӣ мекунад. Кабирӣ аз оқибати корҳои кардааш ҳарчанд бохабар аст ва медонад, ки худбохтаву майдонбохта аст, дигар ҳамин гуна худро ба намоиш мегузорад, ки ӯ муборизаро давом дода истодааст. Дар асл ин тавр нест. Акнуни бунёди фаъолиятҳои ӯроҳамин туҳмату бӯҳтон ташкил медиҳанд. Мо чунин нафароин маъюсро сахт накӯҳиш карда, ба мардуми тоҷик муроҷиат карда мегӯем, ки ба гуфтаҳои ӯ бовар накунанд ва зирракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ