“Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-и наҳзатиён?!

Ҳар фарди олам бо ҷаҳони орзую ниятҳо аз хоб бармехезад, ки нафъе ба оила овараду соҳиби обрӯву эътибор бошад. Зеро, дур будан аз ҷомеа ҳолати сангин асту шараф, нангу номус, ғуруру худшиносӣ фардро водор менамояд, ки ҳар қадами гузоштааш ва луқмаи фурӯбурдаашро бо ченаки манфиату пешрафти ҷомеа чен намояд. Ин рисолати фарди соҳибақл асту нафари ноқисулақлро аз он парвое нест. Зеро, ӯ намедонаду намефаҳмад, ки ҷомеаофариву зиндагӣ дар ҷомеа меъёру тартибҳои худро дорад, ки бо вожаҳои одоби ҳамида, гуфтори ҳалим, рафтори шоиста, нафъи ҷомеа, мақому манзалат, обрӯву иззат, эҳтирому эътибор ва ғайра ифода меёбанд.

Ноқисулақлии аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар он аён мегардад, ки онон бар ҷойи садоқат ба Ватан – хиёнат, ватанпарварӣ – ватанфурӯшӣ, нангу номус – бешарафӣ, ҳалолӣ – ҳаромигарӣ, сулҳу субот – ҷангу ҷидол ва хислатҳои дигари нораво ба одамиро ихтиёр кардаанд. Вақте, ки дар олам накӯкориву инсондӯстӣ, покию меҳрубонӣ ва дигар хислатҳои наҷиби одамӣ мавҷуд асту соҳибашро ба сӯи шаъну шарафи ватандӯстӣ даъват намудаву номашро ҷовид месозад, наҳзатиёни хоину ватанфурӯш ғояҳои ифротиашонро ҷиҳати ғасби ҳокимият, ҳирси молу чиз зери ниқоби дини Ислом пинҳон намудаанд. Хусусан, дар бадахлоқию муртадӣ, палидию разилӣ, макру фиреб, қаллобиву гумроҳсозии дигарон, алалхусус ҷавонон роҳбарони ин созмони шарманда, аз он ҷумла Муҳиддин Кабирӣ дар сафи аввал асту ҳаммаслакони ландаҳури беиродааш аз ӯ сабақомӯзӣ кардаанд. Вагарна, нафари соҳибақл нону намак, оби софу ҳавои гуворои макони аҷдодиро хиёнат нахоҳад карду ватанфурӯширо мояи даромади рӯзгори худ қарор диҳад. Ҳавою ҳавасу молу ҳирси нафс то ҷое наҳзатиёнро ба худ мутеъ сохтааст, ки мақоми халқие, ки беномусиро ифода мекунад – “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” – ро ба худ шиори зиндагӣ интихоб кардаанд. Бехабаранд, ки молу сарват бақо надораду хоки Ватани аҷдодиро бо ягон нарх натавон харид. Худ гумроҳи нафси бад ҳастанду боз мехоҳанд сафи худ бо гумроҳшудагон зиёд намоянд?!

Итминони қавӣ дорам, ки мардуми заҳматпешаи кишвари маҳбубам ба наҳзатиёни ифротӣ баҳои воқеӣ додаанду бо дили поку виҷдони матин баҳри муқовимат ба онҳо омодаанд. Шукронаи ватандорӣ мекунанду самимона эътиқод ба Ватан доранд. Мекӯшанд, ки доимо хизмати мардум намоянду номбардори сазовори Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд!

Деги сиёҳи наҳзатиён рӯяшонро низ сиёҳ кардаву боқӣ интизори сӯхтани гӯрашон ҳастем!!!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ