​“Бешараф ё беномус” ?!

Одатан, фарди соҳибидрок на ҳамеша ба маънову зермаъно, маънои пӯшида ва дигар паҳлӯҳои ин ё он вожаю ибораҳо эътибори ҷиддӣ медиҳаду тобишҳои гуногуни онҳоро меҷӯяд. Лекин, ҳангоме,ки ин ё он вожаю ибора ҳамчун исми ягон китоб, филм ё макону мавқеи географӣ бошад ё гардад, ба ҳамаи паҳлӯҳои он бештар таваҷҷӯҳ менамоянд, ки муҳаққақони соҳа онро чун “феномени алоҳида”дар фаҳмиши вожаи мушаххас ҷудо менамоянд. Масалан, вожаи “шараф” ё “бешараф”-ро ҳазорон маротиба шунидаему аҳамияти хоса зоҳир намекардем ва аксулмаънои шаън, нангу номус,орият ва ғайра шуда тавонистани онҳоро аксарияти нафарон ҳатто ба гӯшаи хаёлашон намеоварданд.

Таҳия, намоиши васеъ дар расонаҳои рақамии иттилоотӣ, ташкили тамошои дастаҷамъонаи қисмҳои филми мустанади “Хиёнат” бо ифшои ботини палидонаи симоҳои манфури наҳзатӣ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа раванди пурталотуме пайдо кард, ки аксарияти мардумҳамовозӣ ба муаллифонро изҳор карда мамнун аз он гаштанд, ки дар раванди муқовимат ва мубориза бар зидди ифротгаророну террористони ҷаҳонӣ, аз он ҷумла наҳзатиёни палиди манфур аслиҳаи тезбур ва заминаи боэътимоди далелҳои таърихӣ ба даст омад. Зеро, дар организми инсон ҳиссиёти дидану тамошо кардан боиси бештар нақш бастан дар хотира нисбат ба шунидан мешавад. Ҳатто мақоли халқии “шунидан кай бувад монанди дидан” ё худ “як бор дидан беҳтар аз сад бор шунавидан ” метавонад ин гуфтаҳоро тасдиқ намояд. Дар ҷараёни тамошои филми мустанади “Хиёнат” нафари соҳибдилу ватанпарвар, худогоҳу бо нангу номус аз саҳнаҳои пешниҳодгашта ғазабу нафраташ нисбати бедодиву золимиҳо,беинсофӣ, беимониву баднафсӣ ва дигар амалҳои ваҳшиёнаи худозадагони наҳзатӣ боло меравад. Хусусан, аён эҳсос мегардад, ки баъзе палидон , чун Муҳиддин Кабирии нохалафу мазҳабфурӯши хиёнатпеша симои инсонӣ доранду ҳангоми сухангӯиҳои ифротона худро “мусичаи бегуноҳ” вонамуд менамоянду дар асл чӣ қадар манфуру палид, ваҳшиву золим,бадкинаву сиёҳдил будаанд. Алалхусус, пештар аксарияти аҳолӣ аз аслияту ботини ҳаммаслакони думраву чоплуси М. Кабирӣ ба монанди Сайидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва чандин дигарони наҳзатӣ маълумоти кофӣ надоштанд ва аз тамошои филм ҳамаи он далелҳоро дарёфтанд.

Аз ин лиҳоз, таҳиягарони ин асари воқеӣ ба Ватану ватандорон хизмати босазои фарзандона карданд, ки сазовори арзу сипосу эҳтиром ба ин нафарони шуҷоъи эҷодкор мебошад.

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ