Сиёсати кӯдакона ва ё ҳиллаҳои нави мақомдорони қирғиз
Бе омӯзиши таърихи гузашта имрӯзро ҳеҷ миллат сохта наметавонад. Мардуми Қирғизистон бояд сари ин масъала фикр кунад ва баъдан даъвосозӣ!
Як руҷуъ ба таърихи моҷароҳои марзӣ нишон медиҳад, ки дар ҳар муноқиша ҷониби Қирғизистон боиси рух додани таниш дар хатти марз мешаванд. Дар охир худро ҷабрдида эълон мекунанд ба хотири ба даст овардани манфиат, ғазби замин ва ё дигар амволи ғайр!!!
Солҳои охир тактикаҳои қирғизӣ дигар шудааст. Аввалҳо калонсолонаш даъвои беасос, иғвоангезӣ ва моҷароҷӯйӣ мекарданд. Ҳоло бошад сиёсат ба дасти кӯдакон "таслим" шуд. Гап гапи кӯдакон!!! Як наворе дар расонаҳои хабарии Қирғизистон нашр шуда буд, ки дар он як кӯдак ба Президенти худ муроҷиат намудааст! Аҷаб таззоде!
Маълум мешавад, ки дар Қирғизистон сиёсат ба ихтиёри кӯдакон мегӯзарад! Кӯдакон акнун барои ҳалли низоъ "мусоидат" мекунанд. Қирғизбаччаҳо дигар "умед"-и худро аз калонсолонашон канданд? Номаъқул намекунед? Ин Шумо калонҳо ҳастед, ки кӯдаконатонро дар руҳияи вандализм, ҷангҷӯю дасисабоз тарбия мекунед! Оқибати коратон ҳамин аст, ки рӯзе қабри худатонро мекананд!
Дере нагузашта як корманди баланпояи Қирғизистон дар бораи табодули Ворух бо як минтақаи қирғизнишин назари худро баён намуд. Орзу мекунад, ки як тангаи пупро ба тилло иваз кунад! Чаро барои он ки Ворух таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва ин хоки муқаддас барои мо арзиши зиёд дорад! Дар ҳеҷ сурат хоҳиши Тошиев амалӣ намешавад! "Хест, ки дар хоб буд!
Ворух замини мост, Ворух марзи мост, номуси мост! Ворух Ватани мост!!!!