Сулҳ ба ҳар як хонадони тоҷик

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори давлати навини тоҷикон беҳтарин анъанаю суннатҳои ҳукуматдории гузаштаи давлатмардони тоҷикро омӯхтаву идома дода, бунёди давлати воқеан ҳам озоду демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаро ҳадафи аслии сиёсат эълон карданд. Маҳз бар асоси чунин асолат пояҳои давлат зина ба зина мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар миқёси байналхалқӣ ҷойгоҳ ва манзалату нуфузро дар сафи дигар кишварҳои ҷаҳон пайдо кард. Халқи тоҷик аз тӯлонӣ таърих то имрӯз ҳамеша ҷонибдори пайвандии дӯстона байни робитаҳои хориҷиву дохилӣ буду ҳаст. Деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор рафта, дар роҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад. Робитаи сиёсии Ҳукумати кишвар бо ҷониби Қирғизистон ҳарчанд дар доираи муносибатҳои дӯстона қарор дошта бошад ҳам, мутаассифона, аз ҷониби шаҳрвандони алоҳидаи қирғиз борҳо вазъ дар минтақаҳои марзӣ ноором карда мешавад ва Ворух дар ин самт аз минтақаҳои асосии зарарбинанда гардидааст. Давоми соли 2019 14 ҳолати нанговари номуросоӣ ба миён омада, аз ҳарду ҷониб ярадорону талафдидагони ҷониро ҳам ба миён овард ва дар натиҷа ҳатто сарварони кишварҳо бар ин минтақаи марзӣ ҳузур оварда, халқи ҳарду ҷонибро ба зиндагии дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват карда буданд ва сокинони ҳарду миллат ваъда дода буданд, ки аз ин ба баъд тибқи меъёрҳои ахлоқӣ амал мекунанд ва эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо гузошта, бародарона умр ба сар мебаранд. Мутаассифона, ин аҳд аз ҷониби мардуми наздисарҳадии қирғиз шикаста шуда, муноқишаи байни ин ду миллатро боз ба миён оварданд.

Воқеан, мушкилоти Ворух ҳоло ба масъалаи умумимиллӣ табдил ёфтааст. Ҳар вақт хабаре аз Ворух ё дар бораи Ворух паҳн мешавад, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста ба мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ, муттаҳид мешаванд. Масъалаи баҳсноки ҳудуди замини Тоҷикистону Қирғизистон, ки собиқа дорад, чандест аз нав рӯ зада, ташвишии зиёдро ба миён овардааст. Ҳарчанд дар ин масъала ҳақ ба ҷониби Тоҷикистон аст ва ҳақиқатро бо далелҳои муътамад исбот кардааст, вале ҳоло ҳам ҷониби давлати ҳамсоя ба даъвои беасос пойфишорӣ доранд. Баҳсу моҷаро барои истифодаи обу замин байни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз тезутунд ва ҳалталаб аст. Мутаассифона, ҳамсояи қирғизи мо амалияи мавҷударо ба инобат нагирифта, аз рӯзҳои аввали сар задани ихтилоф ба фаъолияти тарғибгарона шурӯъ карда, вазъиятро ба таври барояшон қулаю муфид зикр намуда, дар баёни воқеаҳо ба ғалату сохтакориҳои аз ҳад зиёд роҳ доданд, тавре ки пештар ва на як бор ҳамин тавр шуда буд.

Аз оғоз Тоҷикистон ҷониби сулҳу оромиш ва таҳкими дӯстӣ дар минтақа ҳаст ва аҳдномаҳо аз тарафи кишвари мо вайрон нашудааст. Баръакс, аз таҳаммулпазирии ҷониби Тоҷикистон истифода намуда, ҳатто бо дахолати мақомоти қудратии кишвари ҳамсоя ҳуҷумҳои мусаллаҳона ба аҳолии осоишта дар чандин минтақаи марзии мамлакати мо анҷом шуд, ки дар натиҷа чандин нафар шаҳрвандон кушта шудаву зарари ҷисмонии зиёд ба аҳолӣ расид. Хеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки Ворух як порчаи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Боиси таассуф аст, ки бо ҷой доштани нофаҳмии солҳои пешинин деҳоти дурдасти Тоҷикистон ба макони нофаҳмиву ҷидол ва бадбинӣ мубаддал гардидааст. Акнун бошандагони Ҷумҳурии Қиргизистон бар сари мардуми осоиштаи тоҷик зӯру тавони худро нишон додан меҳоҳад. Шояд онҳо дарк накардаанд, ки миллати тоҷик замини аҷдодии худро зери ҳимоя гирифтааст. Ин ҳама нофаҳмиро бояд сари вақт зери назорат гирифт, зеро сокинони осоишта ба хотири химояи марзу буми хеш захмдидаву ҷароҳатбардошта истодаанд. Бо як сухан ва ё навиштан бахси чандинсола дар як муддат ҳаллу фасл нахоҳад шуд, зеро дар ин чода танҳо солимфикрӣ кӯмак карда метавонад. Маҳз шаҳрвандони Қирғизистон то ҳол дарк накардаанд, ки деҳаи дурдасти Ворух ин замини аҷдодии тоҷикону тоҷикистониён аст.

Ворух дар тӯли 30 соли пойдории Истиқлолияти давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт ва минбаъд ин таваҷҷуҳ дучанд гардида, нақшаҳои нек амалӣ мешаванд. Сокинони меҳнатдӯсти Ворух чун дигар минтақаҳои кишвар дар рушди тамоми соҳаҳо, ободии диёри худ, ҳифзу гиромӣ доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ, манфиати давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд. Зеро мо як Ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст.

Бегматова Мутабар Асқаровна омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ