Қирғизистон худро дар сатҳи ҷаҳонӣ беобрӯ сохт
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Қирғизистон дар марзҳои наздисарҳадӣ ҳам аз марзи ҷумҳуриҳои турктабор ва ҳам аз марзи Чину Тоҷикистон ба муноқишаҳои сарҳадӣ оғоз кард.Илова бар ин, дар дохили худи Қирғизистон дар барбари ин ки сарварҳои давлат тез-тез иваз шуда меистоданд, инчунин милатгароиву ҷангҳои қавмиву миллӣ доман паҳн карданд. Натиҷааш ҳамин шуд, кибайни қирғизҳову ӯзбекҳо муноқиша сар зад. Дар натиҷа хонаҳои асосии ӯзбекони маскуни кишвари Қирғизистон аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ба Ӯзбекистон ронда шуданд, ки мувофиқи ахбои расмӣ 150 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ба ин нигоҳ накарда ҳар дафъа бо Ӯзбекистон ва ноҳияҳои наздисарҳадии он ҳамеша дарҳолати ҷангу даргирӣ муносибати хешро идома медод. Пас аз ба сари қудрат омадани як зиндонии қирғиз ҳамин сиёсат нисбат ба Тоҷикистон низ ба роҳ монда шуд. Қирғизистон бо ташкили як машқи низомӣ дар наздии сарҳадҳои аз ҷониби Қирғизистон ишғолшуда, аз ҷумла вилояти Бодкент техникаҳои вазнини хешро бо мақсади ишғоли минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон ҷойгир намудааст. Яъне пас аз даҳ соли ҷанги қирғиз бо ӯзбекони муқоми Қирғизистон масъалаи ҳалли саҳади Тоҷикистон низ бо роҳи муноқиша ва куштору зӯрӣ ба роҳ монда шуд. Ҳодисаҳои сарзада нишон доданд, ки омодагии қирғизҳо дар сарҳад хеле барвақт оғоз ёфта, ҳатто дар кишварҳои хориҷӣ нишонзанҳои корозмударо, аз ҳисоби духтарони ба балоғатрасида низ ба ҷанг ҷалб карда шудаанд.Мо Тоҷикистониён ҳарчанд орому осошитагии мардуми наздисарҳадиро бо ахлоқи баланди инсонӣ нигоҳ дошта омадем, аммо ин дафъа кор ранги дигарро касб кард. Душман аз хомӯшии мо худро дар майдон шер тасаввур карда, ба нақшаҳои аз ин ҳам вазнин даст зад. Оқибат ҷанг оғоз шуд. Санаҳои 28-29-уми апрел ҷанг байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аланга зад. Дар натиҷа чанд кушта аз ҳарду тараф бар ҷой гузошт. Қирғизистон дар майдони ҷанг шикаст хӯрда, майдонро ба Тоҷикистон холӣ кард. Мо оқибати чунин хунрезиро медонем ва мадумро ба сулҳу осоиштагӣ даъват менамоем. Бояд марз дар асоси санадҳои таърихӣ ва харитаҳои мавҷуда муайян карда шавад. Мо ба ин боварии комил дорем.
Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров