​Омилхои пешгири аз падидаҳои номатлуб

Ҷои таъсуф аст, ки замони муосир пуртазод, пурмушкилот, ихтилофу зиддиятҳост ва экстеремизим ва терроризим ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо то рафт густариш меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиди афзояндаи экстремизим ва терроризим ба амнияти миллӣ ва рушди устувори он дар роҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақа муборизаро дар ин самт тақвият мебахшад.Ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолияти худро барои паҳн карданимафкураи радикалӣ, таҳрики адовати мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба сафи худ ва содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ равона кардаанд. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва ватанӣ дармубориза бар зидди экстремизим ва терроризим нишон медиҳад, ки муваффақият дар ин самт таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳоро талаб мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлате аст, ки дар ҳудуди кишвари худ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо экстремизим ва терроризим барои солҳои 2016-2020 қабул намуда. Ҳадаф вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди экстемизим ва терроризим муайян мекунад.Барои пешгири азин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бояд роҳҳои одилона ва самарабахш бояд роҳандози карда шавад зеро решакан кардани ин амалҳои террористӣ ва экстремистӣ махсусан дар байни ҷавонон ва ҷомеаи кишвар яке аз ҳадафҳои аввалин дараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир оид ба пеширии фирефташавӣ ва шомил гаштани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва моҷароҷӯй ба андешаи мо чунин чораву тадбирҳо андешида шавад:

дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ–ифротӣ, экстремистӣ, радикалӣ аз ҷониби мутахассисон, коршииносон маълумотнома, мақолаву брошюраҳо омода кардашаванд, то ҷавонон дар бораи ин ҳизбу ҳаракатҳо малумоти мушаххас ва кофи дошта бошанд.

ошкор сохтани мақсади асли онҳо, роҳу услуби корбариашон чи тавр ҷавононро ба ҷониби худ ҷалб сохтанашон ҷанбаи хеле муҳим аст.

таҳлили мавқеи абарқудратҳо ва манфиати онҳо дар минтақа, аз ҷумлаТоҷикистон, ошкор сохтани муборизаи онҳо барои манфиаттҳои худ яке аз ҷанбаҳои муҳим аст.

корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ бояд мунтазам, ҳадафнок,нишонрас, собитқадамона, самаранок ва таъсирбахш бошад, на барои сохтакорона пешинход намудани маьлумотҳо барои ҳисобот ба боло.

азимкониятҳои воситаҳои ахбори умум, радио, телевизион, рӯзномаю, маҷҷалаҳо бештар истифода бурдан лозим.

ҳангоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ сину сол, маълумот, шуғл, сатҳи зиндагӣ, гурӯҳи иҷтимоӣ, ба кадом ҳизбу ҳаракатҳои расмӣ, қонунӣ шомил будани онҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Зеро тибқи таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар синну соли шахсони ба гурӯҳи ифроти шомилгардида асосан аз 18 то 30 ва аз 30 то 40 сола мебошанд, ки инро бояд ҳанггоми гузаронидани корҳои тарғиботӣ ба инобат гирифт.

таъмин кардани ҷавонон бо ҷои кор, аз байн бурдани бекорӣ майлу хоҳиши чизпарастӣ, шӯҳратпарастӣ, бегонапарастӣ имрӯз бояд зери маркази таваҷӯҳи мақомоти масъул ва волидайн бошад.

баланд бардоштани марифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастӣ.

Дар ин замина бояд ҳар як шаҳрвандони кишвар ҳушёрию зираки сиёсашонро аз даст надиҳанд ва бар зидди ин нохалафони ҷомеа якҷоя ва дастаҷамона мубориза бурда оядаи миллату давлати худ ва махсусан насли ҷавонро нигоҳ доранд.

Ҷамшед Маъмурзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ