Ҳифзи марзи ватан миллатгароӣ нест!
Баҳси миёни давлатҳои мустақили Тоҷикистону Қирғизистон бобати мақоми минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара ва мансубияти он таърихи танҳо 70-80 сола дораду бидуни ягон ваҷҳ боиси зиддияти шадид шуда наметавонад. Зеро, ҳамаи манбаҳои таърихии ташаккули миллату давлатдории тоҷикон бо далелҳои қотеъ исбот менамояд, ки ҳудуди минтақаи Ворух аз пайдоиш то ҳол маҳали тоҷикнишину мансуби давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол будааст, ҳаст ва чунин боқӣ мемонад.
Боиси таасуф аст, ки баъзе сиёсатмадорони кӯтоҳназари эҳсосотӣ наметавонанд дарк намоянд, ки сабаби нофаҳмиҳои баамаломадаю каҷфаҳмиҳои мавҷуда ҷабҳае аз сиёсати муғризонаи баъзе ашхоси ҳукумати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Дар такя ба сиёсати “ҷудоӣ андозу оромона ҳукмронӣ намо” байни миллатҳои ҳамқаробати тоҷику қирғиз мушкилоти беасос сохтаву тафриқаандозии чунин тоифаро дар мисоли қазияи Ворух метавон дид. Танҳо нафари беақлу беандеша далелҳои таърихиро ба инобат намегираду фаҳму фаросот намекунад, ки агар деҳаи қадимаи Ворух тоҷикнишин бошаду мулки Тоҷикистон, ҳатман заминҳои атрофи он алоқаманд ба манбаи обу боғот мансуби ин маҳали аҳолинишин мешавад.
Гарчанде, ки таърих шоҳиди одилу рахнанопазир аст, имрӯзҳо баъзе иғвогару дасисабозони кишварҳои ҳамсоя ва оташдиҳандаи онон харитаю ҳуҷҷатҳои сохтаю қалбакиро асоси ҳуқуқӣ шуморида мехоҳанд ҷомеаро ба иштибоҳ андозанд ва дар “оби лой моҳидорӣ намоянд”, ки хаёли пуч мебошад. Ифтитоҳи чандин объектҳои таъиноти гуногун дар деҳаи Ворух аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тӯҳфаи шоёни мардуми деҳа ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад, шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати кишвар дар ҳифзи марзи Ватан сиёсати муваффақонаи таҳаммулпазириро пеш мебараду устувор ба ғояҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ мебошад ва ҳеҷ давру замон намегузорад, ки мамлакати дигар ба сарзамини мо чашм ало кунад.
Аслан, агар ҷониби қирғиз каме андешаю истиҳола менамуду бар ивази даъвоҳои беасос пешниҳод мекард, ки ба сокинони минтақаи баҳснок шаҳрвандии комилҳуқуқи Тоҷикистон дода шавад ва касе гар нахоҳад, ба маҳали дигар кӯчида равад ва давлат ҷуброни молу мулки онро пардозад. Дигар андешаи ҳақ он аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳамеша бо меҳмоннавозиву иттифоқу дӯстӣ бо миллатҳои дигари ҳамсоя шӯҳратёри ҷаҳон буданду мемонанд ва оянда баҳси мазкур аз байн мераваду ҳамсоягии бо оқибат боқӣ мемонад.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология