Изҳорот: Ҳушёриву зирракии сиёсиро аз даст надиҳед
Дар замоне, ки тамоми арзишҳои умумибашарӣ ба дороиву пул вобастагии калон пайдо кард, ҳаракати ифротгароёнаву манфиатҷӯёна аз ҷониби баъзе давлатҳои абарқудрат ба воситаи ташкили гуруҳҳои зархарид ривоҷ пайдо кард. Пас аз пош хӯрдани давлати қудратманди Шӯравӣ чунин афкори ғайриинсонӣ ба қаламрави кишвари мо низ тарғиб карда шуд. Аз ҳаракатҳои исломиёни ифротӣ маълум мегардад, ки ҷараёни ташкили гуруҳҳои ҷанганда ҳанӯз ба таври пинҳонӣ хеле барвақт дар охирҳои умри Империяи Шӯравӣ сурат гирифта буд ва ин омил пас аз пош хӯрдани он ошкоро гардид. Мо боварии комил дорем, ки ҳар гуруҳе, ки рӯи кор меояд ҳадаф ва вазифаҳои хешро дар асоси пешниҳодҳои хоҷагони худ муайян мекунад ва маълум, ки ҳамчун сояи кишварҳои тавтеаталаб дар ватани хеш амал мекунанд. Ин ҳадафҳо моро огоҳ кард, кимо барои ваҳдату ягонагӣ минбаъд муттаҳид шавем ва пешрафте тараққиёти мамлакатро дар муттаҳидӣ таъмин намоем. Лекин дар оғози фаъолияти ташкилотҳои террористӣҳамин гуруҳҳои қодир шуданд,ки авалин коре, ки анҷом диҳанд, пароканда кардани ваҳдату ягонагӣ ва дар дили мардум ҷой додани тарсу ваҳм ва ғ. Ин омил сабаб шуд, ки кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ғӯта занад. Аммо бо ташаббус ва барномаҳои фарзандани фарзона ин оташи ҷанг бо мушкилӣ ҳам бошад, хомӯш гардид.
Азин ҷиҳат, мо ба тамоми мардуми мамлакат муроҷиат карда мегӯем, ки ба иғвогариҳои чунин нафарони фурухташударо дода нашаванд. Ба қадри ваҳдату ягонагӣ расанд. Ватани хешро дӯст доранд ва аз паи ободии он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Мо боварии комл дорем, ки Тоҷикистон бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои мардуми тоҷик дар ояндаи наздик ба як кишвари ободу ривоҷёфта табдил меёбад ва хидматҳои ҳаряки мо барои сарҷамъии милати хеш беҷавоб нахоҳад монд.
Кайхусрав Каримов –усоди ДДХ