Изҳорот: Нест бод ҷанг!

Воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар байни сарҳадҳои Тоҷикистону Афғонистон рух дода истодаастморо ба ташвиш овардааст. Зеро аз ҷониби гурӯҳи террористию-экстримистии Толибон, ки ҳуҷум ба сарзамини мо мекунанд басо аламовар аст. Охир барои чӣ? Чаро меҷанганд? Чиро мехоҳанд? Зеро медонам, ки оқибати ҷанг несту нобутӣ, қашшоқӣ, гиряи модарони бефарзандмондаву кӯдакони бепадармонда мебошад, ки ин амал аз хулқи одамигарӣ берун аст. Тариқи ойнаи нийгун филмҳои ҷангиро аз ҳаёти толибон тамошо мекардаму бовариам намеомад. Аз воқеаҳои рузҳои охир рух дода, боварӣ ҳосил кардам, ки онҳо дар ҳақиқат як афроде ҳастанд, ваҳшимонанд. На миллат доранду на қавм.

Бо вуҷуди он, ки дини онҳо дини ислом аст, онҳо амалҳое мекунанд, ки аздоираи дини ислом берун аст. Дар дини мубини ислом омадаат “муъмин бародари муъмин” аст ва ҳатто омӯзиши илм дар дини ислом дар мадди аввал меистад. Вале мо худ шоҳид ҳастем, ки аз тарафи толибон зиёда аз 170 мактабҳо дар мамлакатҳои мусулмонӣнобуд карда шуданду занону духтароне, ки ба мактаб мераванд ваҳшиёна кушта шудаанд. Ҳаракати Толибонро ҳама ҷаҳон бад мебинад аз он ҷумла мо низ. Ин созмони номатлуб бо қарори Созмони миллалӣ муттаҳид чун созмонитеррористию экстримистӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст.

Мо мардуми тоҷик халқи меҳнатдӯсту сулҳхоҳ ҳастем ва намегузорем, ки хуни ноҳақ резад. Мо ҳеҷ гоҳ ин гуна рафторро ба худ раво намебинем ва нахоҳем дид.Он муқовимате, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷанговарони Толибон сар зада истодааст беадолативу беинсофии онҳоро бори дигар исбот менамояд. Вале мо низ дар навбати худ бетараф нестем, лозим ояд барои осудаҳолии кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон ҷон фидо мекунем.

Ҳама сар ба тан ҷон ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Биоишаи Назар–устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ