Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Пас аз тамошои филми мазкур ва мутолиаи изҳороту вокунишҳо нисбат ба яке аз собиқ аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, шахси хиёнаткору бадрафтор, бешарму бешараф ба хулосае омадем, ки дар ҳақиқат аъзоёни ин ҳизби ба ном исломӣ даст ба ҳар гуна ҷиноёту бадахлоқиҳо мезадаанд. Аъзоёни ин ҳизб аз номи дини мубини ислом танҳо номи мубораки онро дар унвони ҳизбашон истифода мекардаанду халос. Онҳо номи поки исломро танҳо барои дарёфти кӯмакҳои башардӯстонаву хайрия аз ҳаргуна ташкилотҳои хайрия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебурдаанд. Аъзоёни ин ҳизб дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ ва давраи пас аз он мардумро ба хурофотпарастиву гумроҳӣ даъват мекарданд, худро ҳомиёни дин, мунаққидони ҷомеаи дунявӣ, мубаллиғони исломи ҳақиқӣ, пешвоёни рӯҳонии мардум тарошида, дар асл худ ба корҳои разилу паст ва беномусонаву ноҷавонмардона даст мезадаанд. Ҳатто барои расидан ба манфиатҳои касифи шахсии хеш ба аъзоёни оилаҳои худ раҳм намекардаанд. Исботи гуфтаҳои боло, қисми навбатии филми хиёнат, таҳти унвони “Бешарафӣ” буда метавонад. Дар филми мазкур парда аз болои ҷиноятҳо ва рафторҳои бадахлоқонаи яке аз аъзоёни собиқи ҳизби зери назар, Садриддинов Қаландар ва аъзоёни оилаи он бардошт шуд. Дар филми мазкур ба қавли шоҳидон ва ҳамсоягону ҳаммаслакони аъзои ин оила ба таври возеҳу равшан маълумотҳои аниқ ва далелҳои раднопазир оварда мешаванд. Хусусан аз маблағҳои хайриявӣ барои эҳтиёҷоти хеш истифода кардани падари хонавода ва аз зери назари ӯ дур мондани тарбияи фарзандон хеле мутаассир мебошад. Дар натиҷаи гурусначашмиву бадбинӣ ва бадхоҳииСадриддинов Қаландар фарзанди хурдсоли ӯ, Муҳаммадиқболи Садриддинба доми инсонҳои нохалафи он давра меафтад ва раҳои аз ин дом ба ӯ хеле гарон гардида то ҳоло асорати он дар кирдорҳои ӯ дида мешавад.
Аз ин рӯ, ба хулосае омадан мумкин аст, аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзат ҳамвора аз як сӯ даст ба ҷиноёт зада, аз сӯи дигар худро бечораву бегуноҳ ва ҳимоёну воизони дини мубини ислом нишон медиҳанд. Дар ин замина порчае аз ғазали машҳури Ҳофизи Шерозиро ба хотир меорем,ки мувофиқи матлаб вакирдори онҳо мебошад:
Воизон чун ҷилва дар болои минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он вақт кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ