Изҳорот: Кабирии динҷаллоб
Дар қаатори ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиён амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқӣ ба бонувони тоҷикро бо таассуф бояд қайд кард. Ин тоифа дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳқиру кушторизанони тоҷик даст зада, рӯзгори моро тира кардаанд. Яке аз хусусиятҳои хуби филми “Хиёнат” дар он аст, ки чунин рафтори ғайриинсонии ифротгароёни диниро ба насли имрузаи мо ёдоварӣ менамояд. Бонувон ҳамеша дар Тоҷикистон аз эътибору нуфуз бархурдор буданд, аммо разилони ифлос кӯшиданд, ки ин нуфузро ба хок яксон намоянд. Дар ягон ҷомеаи пешрафта ва дорои арзишҳои маънавӣ ба бонувон чунин муносибати ғайриинсонӣ сурат нагирифтааст. Чунин қабоҳатро ҳам таҳиягарони филми мустанади “Хиёнат” ба таври равшан исбот карда тавонист. Муносибати ғайрахлоқӣ ва зиддиинсонии ин угна разилон бахшиданошуданист.
Кабирӣ ва динҷаллобони тоҷик бехабаранд, ки нишонаи одоби баланду ахлоқи ҳамидаи инсон муносибати боэҳтиромонаи ҳар як шахс бамодар, хоҳар ва умуман бонувон аст. Онон нисбати модар ва бонувон беэҳтиромиро раво дида, аз рушду инкишофи инсонӣ дур мондани худро собит карданд ва рӯйи худро сиёҳ кардаанд. Онҳо фаромуш мекунанд, ки мақоми Модар — зан дар фарҳанги тоҷикон ба ранги олӣ сабт шудааст. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ модарону бонувон падидоварандагони паҳлавонҳоянд. Баробари ин занҳое мисли Гурдофарид давлату сарзаминашонро дифоъ кардаанд. Корномаи онон дар муқобили разолати наҳзатиён қаҳрамонии маҳз аст. Ин разилон фаромуш карданд, ки ифтихор, иффат, поквиҷдонӣ ва шуҷоат, меҳру садоқат инсонро инсон кардааст.
Ба андешаи мо мо, оне ки ба бонувони худ чунин муносибатро раво дидааст, ба рӯзи касод гирифтор хоҳад шуд. Мо бояд ба модар ва бонувони худ ҳамчун ба ганҷинаи миллӣ муносибат намоем.
Б. Шаҳрзод