Кабирии хоину ватанфурӯш

Кабирӣ вақте, ки тариқи шабакаҳо дар бораи кору амлҳои мо ҳарф мезанӣ магар ту худат фикр намекунӣ, ки ҳаммаслаконат чи корҳоро ба анҷом расонида буданд. Чи қадар номаъқулиҳо карда буданд. Куштанд, ғорат карданд дар назди ҷамъият бетартибиҳо нишон доданд. Шумо худатон чӣ кор кардед бо ҳаммаслаконатон сарашонро сила кардед айбашонро рӯйпӯш кардед. Агар фаромӯш карда бошед хотиррасон мекунам. Ҳодисаи соли 2010 ба қатл расонидани 25 нафархизматчии Вазорати мудофиа. Соли 2012 муқобилияти яроқнок нишон додани Сабзалӣ Мамадризоев ва Шерик Карамхудоев дар шаҳри Хоруғ. Аъзои ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Исфара бародарон Мукаррамхӯҷа ва Мусайямхӯҷа Шариповҳо, А.Турсуновдар куштори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва чандин ҷиноятҳои дигар, ки ҳоҷат ба баён нест. Инсон пеш аз он, ки як каси дигарро гап занад аввал бояд гиребони худашро бӯй бикунад.

Ҳизби наҳзат ҳизби террористию-экстримистӣ аст ва аъзоёну ҳаммаслаконаш ХОИН ҳастанд.Инро тамоми дунё ҳама медонанд. Таърихи 8-июли соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи кумитаикотибонишӯроҳоиамнияти давлатҳои узвиСозмони Аҳдномаи АмниятиДастаҷамъӣ таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки узви СААД ҳамчун террористӣ ва экстремистӣ эътироф шуданд бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд. Дар он рӯйхат қатори созмонҳои террористӣба монанди “Ал-қоида”, “Ихвон-ул-муслимин”, “ДИИШ”, “Ансоруллоҳ”, ҳизби наҳзати тоҷикистон низ зери рақами 85-ум ворид карда шуд. Дар Тоҷикистон бошад ин ҳизб дар соли 2015 чун ҳизби террористию-экстиримисӣ эълон гардида фаъолияташ манъ шуда буд.

Ман итминони комил дорам, ки он рӯзҳои сахте, кимардуми тоҷик аз сар гузаронид ба ҳамааш Кабириву ҳаммаслаконаш гунаҳкор.

Хушбахтона замона дигар шудаасту мардум дигар ва мо он мардуми дасткӯтаву мӯҳтоҷи маслиҳатҳои иғвоангезӣ ту нестам. Мардуми тоҷик бозичаи дасти ту нест, ки ҳар чӣ хоҳи мегӯйи.Мо мардуми боору номус ва дар зери сиёсати Пешвои муаззами хеш муттаҳид ҳастем ва шикастнопазирем. То ҷон дар бадан дорем барои ҳифзи Ватан ҷон фидо мекунем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ