​Изҳорот: ТТЭ ҲНИ ва амалкардҳои хоинонаи он

Роҳҳои истифодаи хоинон дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои ифротгароёна гуногун буда, танҳои чанд амале, ки дар рӯзҳои охир ба сомон расид маълум менамояд, ки василаҳои ноҷавонмардонаву ғайриинсониро ба кор бурда, амал карда истодаанд. Аз таърихи ваъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ ҳамчун ҳизб фаъолият карданаш ба мушоҳида расид, ки ин рӯи сиёсатзадаи исломии Тоҷикистон ягон аффкори созанда ва манфиатҷӯёна барои халқу миллати мо надоранд ва онҳо пайваста ба кишвари мо ҳамчун макони татбиқи ҳадафҳои хоҷагонашон назар доранд. Ҳамаи сокинони мамлакат хуб дар хотир доранд,ки дар солҳои 90-уми асри гузашта онҳо аз кадом давлатҳои автеаталаб маблағ меситониданд. Айни ҳол ҳамин амали хешро давом дода, дар ин роҳ собиқаи бештар пайдо намудаанд. Масалан, биноҳое, ки онҳо дар давлатҳои хориҷӣ харидорӣ кардаанд, бори дигар нишон медиҳад, ки пулҳои ҳангуфти хоҷагони онҳо барои як авлод ва як хонавода сарф мегардад. На аъзоёну дигар пайравони онҳо.Муҳиддин Кабирӣ аз чунин нафарони роҳбар аст. Мо бояд дарк намоем, ки дар ҷаҳони имрўз танњо бо идеяву назари наву босалоҳ ва салохиятмандона ба ҳаллу фасли мушкилоти кишвар мусоидат кардан мумкин аст, на бо чунин нуқсу камбудиҷӯӣ. Аз ин ҷиҳат, мо бояд дар заминаи рафъи камбудиҳо бо ҳам муттаҳид бошем. Боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ањли кишвар мавриди ифтихор ва шарафмандӣ аст. Бо ин амр метавон аз қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обрӯву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон дурӣ ҷуст.

Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ