​Зери ниқоби “ОБОДКОРӢ” - бешарафӣ!

Хиёнату фиреб ва гумроҳкуниву қаллобӣ сифатҳое маҳсуб мешаванд, киинсонро аз вартаи инсониву шаҳрвандӣ берун мебараду муҳри бешарафиро тамға мезанад. Мутаассифона дар ҷомеа ҳама якранг тарбия намегиранду ба камол намерасанд. Миллати тоҷик низ аз ин камбудӣ орӣ нест. Аз бузургон омадааст, ки “Ҳама чиз дар зиндагӣ мутавозин аст: агар шумо виҷдонатонро гум кардед, пас шумо бешармӣ, бешарафӣ ва беномусиро пайдо намудаед”. Дар ҳақ виҷдонро гум кардану бар хоиниву қаллобӣ рӯй овардан оқибати беномусӣ дораду ба мисоли заҳрпечак ҳамаро заҳрдор мекунад. Бар ин минвол заҳрпечаки заҳрдори аз гурӯҳҳои ифротии ниҳзатиёнро номбар намудан шояд басанда бошад, ки дар хориҷи кишвар бо карру фарру дороии аз ҳисоби хоҷагони хориҷии худ ба даст оварда, иқомат доранду санг бар ватани аҷдодӣ мезананд. Ҳар як сухану ҳар як амале, ки мекунанд, аз нақшаи тарҳрезишудаи хоҷагони онҳо асту зери ниқоби “ватандор”-иву “ба хотири ободӣ” мардуми ноогоҳро бар гумроҳӣ мебаранд. Мақоли “офтобро бо доман пӯшида намешавад”шояд маҳз ба ҳамин бешарафон ироа гардида бошад, ки рӯз то рӯз марҳила ба марҳила сиру асрори фаъолияти ин нохалафон сифатҳои нопоки онҳо, қаллобиҳои нисбати дигарон раво дидаашон рӯи об баромада истодааст. Шояд Кабириву Муҳаммадиқболро, ки худро қаҳрамони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ сохтаанду ҳар амалу корашонро танҳо ба хотири ҳисоботи обурангдоре ба хоҷагони хориҷии худ аст, ном бурдан кифоя аст, ки ҳадафу мақсади ҳама гуна баромадҳояшон танҳо як чиз ГУМРОҲ намудани дигарон аст. Ба ранге, ки бо заҳри сухани худ дигаронро олудаву роҳгум заданӣ мешаванду фикр доранд, ки нияти аслии онҳо рӯйпӯш мемонад. Худ тариқи қаллобӣ маблағи муфт ба даст овардану онро рӯйнамоӣ намудан ва ё амалҳову гуфторҳои ғайриинсонӣ (суханҳои қабеҳу нафратангези байни худ (маълумотҳои аудиоӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ), ё баҳсу хархашаҳои наҳзатиёну мухолифин, ки расонаӣ намуданд) басанда аст, ки мардум чашми ҳақиқат боз намуда бошанду санги маломат ба ҷониби наҳзатиён зананд. Вале мардуми тоҷик аз азал мардуми бофарҳангу ваҳдатсаро шинохта шудаасту доиман роҳи сулҳро мекобад. Ин хислати наҷиби тоҷиконро наҳзатиёну хоҷагони онҳо сӯистифода менамояду ҳар фурсате шуд бонги тӯҳмату маломат мезананду маводу барномаву мусоҳибаҳои пур аз дурӯғу дасисаро расонаӣ менамоянд. Магар ин аз бешарафии онҳо, аз хиёнати зидди давлату миллат нест?

Шарифзода М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ