​Амалҳои ношоистаи хоини миллатро маҳкум мекунем

Солҳои охир ҳаракатҳоииртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳоиразилона авзоисиёсии саёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Бесабаб нест,ки имрўз терроризм ва гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зўроварӣ тағийр додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳумрии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ вадигар аъзоёни он мебошад. Мақсади асосии ин хоини миллат сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад. Мардуми миллати тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ симои ҳақиқии онҳоро ба чашмони худ диданд ва хулосаи лозимӣ бардошта буданд. Бар асари ҷангҳои бемаънӣ миллионҳо одамон гурезаву овора шуданд.Ҳазорон кўдакон ятим ,ҳазорон занон беваю ҳазорон падару модар мотамзада гардиданд. Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист.Аслан хиёнаткор ватан надорад.Онҳо танҳо манфиати худро дар мадди аввал гузошта падару модар ва оилаашонро дар охир танҳо мегузоранд. Шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои тундгаро масъалаи доғи рўз аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст,ки алайҳи ин амали номатлубмуборизабарем.Барои пешгирии зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ ба масоили ташаккули шахсияти таҳаммулпазир тавсияи корҳои равонӣ, ки барои пешгиии хушунат мусоидат менамояд,маҳдудияти иҷтимоии гурўҳҳои террористӣ,маҳдуд намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ ошкор ва нест кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ,рушди сиёсати давлатии мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм таваҷўҳи бештар бояд дода шавад. Бо мақсади эмин нигоҳ доштани миллату давлат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳамаи моро зарур аст,ки донишҳои сиёсиамонро пайваста мукаммал гардонем аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрўзам мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошем.Ҳимояи давлату миллат қарзи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдуҷабборова Р.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ