Изҳорот: Зиракии сиёсиро нигоҳ бояд дошт

М.Салимпур, ки таъсисдиҳандаи “Ахбор.ком” буда, баъди бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бастани сомонаи иғвоангези «Ахбор.ком» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳои он дар сомонаҳо содир шуда буд, чанд муддате нагузашта номи “Ахбор.ком”-ро ба “Бомдод.ком” иваз намуда аз нав фаъолияташро дар шабакаҳои интернети боз намуд. Ин сомона ахборотҳои фаҷҳу беасос ва иғвогароёнаро нисбати кишвари мо нашр мекунад. Мирзои Салимпур, ки ташкилотҳои террористию экстримистӣ чун ҳизби наҳзати ислом аз паси вай меистанд боз нағмаҳои ифродиашонро дар сомонаи нав оғоз карданд. Худ қазоват кунед, инқадар онҳо бераҳманд? Мардуми тоҷик бо ранҷу машаққатҳои зиёд истиқлолияти худро ба даст овард ва Истиқлолияти мо акнун 30сола мешавад. Фарз кунед, ки ба ҷавони 30 сола, ки айни шукуфоиву даврони хубаш аст фишор меоваранд. Магар ин дуруст аст? Тоҷикистон чун ҷавони 30 сола аст, ки дар айёми шукуфои қарор дораду ояндаи неку дурахшонаш дар пеш аст. Айни замон мардуми тоҷик марҳилаи басо душвореро, ки сарто пои ҷаҳонро иҳота кардааст бемории «Ковид-19»-ро аз сар гузаронида истодааст, бар замми ин бошад онҳо аз хориҷа истода неше ба мо мезананду бар ҳоли мо механданд. Магар ин аз рӯи одамигарист?

Банда ба мардуми тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниам, ки зиракии сиёсӣ ақлу ҳуши худро аз даст надода, ба ҳаргуна гапҳои бофтаву иғвогароёнаи ин муттаҳамон дар сомонаи“Бомдод.ком” бовар накунанд. Худ ва наздиконатонро аз ҳиллаву фиреби ин хоинон эмин нигоҳ доранд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ