Бешарафии Муҳаммадиқбол натиҷаи пулпарастӣ, разолат, қабоҳат ва бефаросатии ӯст
Намоиши телевизионии қисматҳои алоҳидаи филми мустанади “Хиёнат” моро бо саҳифаҳои наонқадар дури таърихи кишварамон, бадбахтиҳои дар оғози истиқлолияти давлатӣ ба сари миллату давлат омада, ноадолатӣ, ватанфурӯшии баъзе шаҳрвандони беандеша, бераҳмиву манфиатҷӯии роҳбарони ТТЭ ҲНИ бори дигар бевосита шинос намуд.
Қисмати 7-уми филми мазкур бо номи “Бешарафӣ” тариқи телевизион намоиш дода шуд, ба зиндагиномаи торики Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯз ҳамчун бозичаи дасти хориҷиён худро рӯзноманигор мегирад ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ зидди давлату миллат ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳар гуна тӯҳмату таҳқирҳои бофтаву сохтаро паҳн менамояд, бахшида шудааст.
Филми мазкур бо далелҳои раднопазир, мулоҳизаҳои муттахассисон ва аз суханони шоҳидони зинда сабт гардида, бинандаро ба фикру андеша водор месозад, ки таъсуроти худро аз он баён намояд.
Суоле ба миён меояд, ки як нафар шаҳрванд барои чи ин қадар давлату сарзамини аҷдодии худро бад мебинад, кадом омилҳо барои то ба ин сатҳ тундраву якрав ва фиребгару нотавонбин, бешараф шудани ӯ мусоидат кардаанд?
Ба ин савол мо баъди тамошои филми “Бешараф” ҷавоби мушаххас пайдо намудем. Муҳаммадиқболӣ Садриддин ба ғайр аз ифротию ҷоҳил буданаш, бо истифода аз сухандониву сухансозиҳое, ки гӯё мусулмони том аст, мардумфиребӣ намуда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, касоне ки ӯро мешинохтанду бовар мекарданд пули зиёдро (зиёда аз 120 ҳазор доллар) бо тариқи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ситонидааст. Имрӯз шиками худро дар хориҷ бо ин пул сер мекунаду шаҳрвандони фиребхӯрда ангушти ҳасрат мегазанд.
Дар филми мазкур ҳасояҳои Муҳаммадиқбол - Шаҳло Насруллоева, Абдуқаҳҳор Мирзоев, Музаффар Ғафурзодаизҳор намуданд, ки оилаи Садриддиновҳо аз аввал ифротӣ ва осебпазир буданд ва ҳоло парокандаву парешон гардидаанд. Онҳо ягон маълумоти олии дунявӣ надоштанд, падараш мулло Қаландар аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ буда, ҳамроҳи гурезагони тоҷик ба Афғонистон фирор мекунад. Ҳамсинфи Муҳаммадиқбол - Сулаймон Бақоев ва омӯзгораш - Абубакр Чориев аз айёми ҷавонии ӯ сухан карда, бачаи бетарбия ва “дониши” сатҳии диниву хурофотӣ доштан, ҷангҷӯву таҳаммулнопазир буданашро баён намуданд.
Инчунин аз навормаълум шуд, ки баъди аз Афғонистон омадан оилаиМуҳаммадиқбол якбора бадавлат гашта, дар се ҷо ҳавлию хонаҳои зиёд доштааст. Хонаҳояшро ба хориҷиён ба иҷора дода, маблағҳои калонро ба даст меораду барои амалҳои ифротиаш сарф мекунад.
Маълум гардид, ки ин нобакор ҳамроҳи падараш мулло Қаландари Садриддин, ки яке аз мубаллиғони наҳзатӣ буд, ба Афғонистон меравад. Муҳаммадиқбол дар мактаб маълумоти комил нагирифта, аз падараш маълумоти динии сатҳӣ гирифта, ба дасти мулло Шариф - намояндаи наҳзат меафтад. Муллошариф бо пули калон Муҳаммадиқболро ба саркардаи дастаи ҷангии афғон қумондон Ғулом мефурӯшад ва дар он ҷо зери фишори шаҳвонӣ қарор гирифтааст. Ин далелро Фархуншо валади Саид ва дигар шаҳрвандони афғон, ки шоҳиди ин амалҳои фосиқона ва таҷовуз нисбат ба шарафу номуси Муҳаммадиқбол буданд, тасдиқ карданд.
Падар ва наҳзатиёни ифротӣ аз кӯдакӣ М.Садриддинро манкурт карда, фақат ба амалҳои манфию зидди инсонӣ равона кардаанд. Чунон бепарвову бемеҳр гардидааст, ки ҳатто ба ҷанозаи падараш, ки дар Полша вафот карда буд ҳозир нашудааст. Ин амал барои наҳзатиҳо кори муқаррарӣ шудааст. Кабирӣ ҳам аз сабаби супоришҳои зиёди ифротӣ доштанаш ба фотиҳаи модараш наомада буд ва тариқи телефон дуо хонда буд.
Бешарафии падари Муҳаммадиқбол, мулло Қаландар алакай азсоли 1985 ошкор гардида буд. Ӯ барои ҷинояти зоофилия, яъне ҷимо бо ҳайвони хонагӣ муттаҳам ва маҳкум шуда буд. Ин шахси бадахлоқ аз ду зан 13 фарзанддошта, ба тарбияву таълими онҳо аз паси панҷа нигоҳ кардааст. Яке аз мубаллиғони фаъоли наҳзатӣ ба шумор мерафт, мардумро ба шӯру ғавғо андохта, охир ба гурезаву гурусна ва хонахароб табдил дод. Мулло Қаландар дар Афғонистон ба худ вазифае ёфта, хайрия ва кӯмакҳои аз ташкилотҳои байналхалқӣ, давлатҳои алоҳида ва Салиби Сурх меомадаро, медуздид ва ба дӯконҳои афғон бурда мефурӯхт. Ин дуздиҳои ӯро Файзраҳмон валади Шамсиддин дӯкондори афғон , Ҳаким Қаландаров-собиқ қумондони наҳзат, Раҳим Каримов-собиқ қумондони наҳзатӣ, Саидҷалол Сиёҳаков – яке аз собиқ кормандони хадамоти амниятии наҳзат тасдиқ намуданд.
Шахсони номбурда баён доштанд, ки Каландар писари ба доми қумондонҳои афғон афтодаашро бо пули калон, ки аз ҳисоби хайрияҳо, яъне ҳаққи бечорагон дуздидааш мехарад ва аз шармандагиҳои фарзандаш, ки ба ҳама маълум гардида буд ба Ватан баргашта наметавонад.
Дар Ҳирот дафтари ҲНИ-ро кушода, фарзанди ба бачабозӣ омӯхташудаашро аз Кундуз ба Ҳирот мебарад. Дар ҳамон ҷо ҳам Муҳаммадиқбол ба падараш гӯш накарда, ба ин амалҳои манфур машғул мегардад. Муҳаммадиқбол номусро аз даст дода буд. Ӯ аз дасти падар гурехта ба Лоҳур меравад, баъд ба Дубай рафта қаллобиву бадахлоқиашро идома медиҳад.
Равоншиносон Маҳмадулло Давлатов, Ифтихор Камолов ва Марям Давлатова фикру мулоҳизаҳои ҷолибро нисбат ба рафтору амали Муҳаммадиқболи Садриддин баён намуда, қайд карданд, руҳияи ӯ шикастааст, ба беморӣ гирифтор шудааст, дигар наметавонад ин амалашро тарк кунад, нисбати дигарон бадбинию бадгӯиро мекунанд.
Воқеан ҳам ин қабил инсонҳо, ки ҷавониву наврасии вазнинро аз сар гузаронидаанд ба дигарон рашку ҳасад мебаранд. Ҳизби наҳзат мардумони зиёдеро ба даҳшату ҷаҳолат, разолат гирифтор намуд. Шумораи чунин кӯдакону наврасон ва ҷавонони мисли Муҳаммадиқболи бадбахт аз касофати наҳзатиҳои наҳсовар шояд хеле зиёданд.
Сарнавишти Муҳаммадиқболи бахтбаргашта, хоин ва аз Ватани худ рӯйгардонда бори дигар чеҳраи аслӣ, мақсаду мароми нопоки сарварон, хоҷагон, косалесон ва думравони ТТЭ ҲНИ-ро ифшо намуд ва маълум гардид, ки бисёре аз саркардагон, ғояпардозон (идеологҳо)-и ин созмони террористӣ ғайр аз ба даст овардани пулу сарвати ҳаром, фисқу фуҷур ба савдо мондани Ватан,миллат, шаъну шараф ва номуси худ амали дигареро ба анҷом нарасонидаанд ва имрӯз шармандаи ин дунё ва фардо шармандаи он дунё хоҳанд шуд.
Ҷабборов И.Р., номзади илмҳои таърих, дотсент декани факултети таърих ва ҳуқуқ