Хоб, хаёл ва ё афсона?
Инсон худ як мавҷуди мураккабе аст, ки дарк карданаш душвор аст. Руҳияи норизо будан аз ин ё он чиз ва ё ҳатто аз худ доимӣ дар ниҳоди ў ҷой дорад. Ҳамин тариқ, норизоҳо дар ҳама давру замон буданд. Чанд нафар ҷамъ мешаванд ва як фикри хомро дар мағзи сарашон ҷўш мезанонанд ва ҷомеаро ба ташвиш меоваранд. Ин қабил одамон ба мисли шутурмурғанд, ки на паранда ҳастанду тухм мекунанд ва на борбардоранд, танҳо дар номашон шутуру мурғ ҳаст. Чун мушкилие пешашон меояд сар ба рег мезананд.
Ба андешаи ин ҷониб дар байни мардум паҳн гаштани овоза дар бораи санаи 21 март ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ баромадани мардум самараи нолиши норизоёни Тоҷикистон аст ва ё нақшаи нафароне аст, ки ба миллат ва ҷашни Наврўз душманӣ доранд ва намехоҳанд, ки мардум ба таври бояду шояд ҷашни аҷдодиро гузаронанд.
Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби наҳзати Тоҷикистон дар як суҳбати видеоияш изхор дошт, ки ин фикри гурўҳи шаҳрвандон аст ва алҳол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн нагаштааст.
Аммо боз худи ў тахмин мезанад, ки чунин тазоҳуротро муҳоҷирони меҳнатӣ дар Руссия барпо карданӣ ҳастанд.
Муҳиддин Кабирӣ паҳн гаштани андешаро доир ба барпо кардани тазоҳурот дар санаи 21-уми мартро провокатсияи доираҳои махсус меномад. Ба андешаи ў чунин провокатсия барои гирифтани пеши роҳи раванди рў ба афзоиши бедории миллат сурат мегирифтааст. Дар идома боз Муҳиддин Кабирӣ мегўяд, ки ин иқдоми шаҳрванде аст, ки мехоҳад норизогии худро изҳор дорад, аммо аз ин шаҳрванд ном намебарад, балки тавсия медиҳад, ки иқдом носанҷида ва дар ҷои номуайян амалӣ гардад, комёб нахоҳад гашт.
Ин суханони ў комилан боз як бори дигар исбот мекунад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш хоҳони нооромӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Солҳои охир гурўҳҳои сиёсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ба таври пинҳониву ошкоро мардумро ба тазоҳурот даъват карданд, аммо ягон тазоҳурот сар назад. Ба андешаи мо овоза дар бораи даъват ба тазоҳурот дар санаи 21 март аз ҷониби аксарияи зиёди мардум на танҳо ҷонибдорӣ намегардад, балки даъваткунандагонаш лолу хандахариш хоҳанд гашт.
Пайрав Сулаймонзода - омўзгори МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров»