​Ворух порае аз хоки Ватан

Воқеаҳои охир, ки дар сарҳадҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон рух дода истодааст ҳамаро ба ташвиш овардааст. Нуктаи баландтарини баҳсҳо дар масоили марзӣ дар муҳити дохилии кишвар дар тамоми давраи музокироти байнидавлатӣ бо Қирғизистон ба шумор меравад. Агар аз рӯи ҳуҷҷат ва факуту далел ба ин масъала назар афканем Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли масъалаи сарҳадӣ мавқеи худро аз руи ҳуҷҷатҳои гуногун асоснок мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳалли масъаларо дар асоси истифодаи ҳуҷҷатҳои солҳои 1925-1927 мебинад. Ҷониби Қирғизистон бештар ба ҳолати имруза мудирияти ҳудудҳо такя намуда, ҳуҷҷати таъсиси ИДМ-ро асос меорад, ки мувофиқи он санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар замони Иттиҳоди Шуравӣ қабул гардида, дар ҳудуди давлатҳои мустақил қувваи қонунӣ надоранд. Гузашта аз ин, дар замони аввали фаъолияти комиссияи муштараки аломатгузории марзӣ, аз руи ҳуҷҷатҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ Қирғизистон 50 ҳазор гектар заминро, ки соли 1942 барои сокинони ноҳияи Мурғоб дар минтақаи Олой барои 50 сол иҷора дода буд ва муҳлати иҷрои ин созишнома соли 1992 ба анҷом расид, соли 2003 бозпас гирифта буд. Ҳамин тариқ аксари заминҳое, ки имруз баҳснок шуморида мешаванд, дар солҳои гуногун аз ҷониби Тоҷикистон ба Қирғизистон иҷора дода шудаанд.

Ҳамзамон, кишвари ҳамсоя ба ҳуҷҷатҳои 1957-1958 низ такя мекунад. Аз руи ҳуҷҷатҳои 1925-1927 Ворух анклав (бурунбум) нест ва пурра бо Тоҷикистон пайваст аст. Дар умум, масъалаи мазкур арзёбии алоҳидаро вобаста ба замону макони ба имзо расидани онҳо, ба хусус қувваи қонунии онҳо (эътироф шудани аз тарафи органҳои олии ИҶШС) талаб мекунад.

Бояд гуфт, ки масъалаи мазкур таи 19 сол аст, ки ҳалли худро намеёбад. Сокинони ҳар ду сарҳад дар изтиробанд ва интизори ҳалли масъалаи мазкур ҳастанд. Зимни нишасти матбуоти санаи 26-уми марти соли равон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки пешниҳодҳои Қирғизистон ба ҷониби Тоҷикистон дар мавриди Ворух ироа шудаанд ва ӯ ду роҳҳалро зикр кард: якум, чен намудани заминҳои атрофи Ворух ва пешниҳоди роҳ барои Тоҷикистон; дуюм, иваз намудани Ворух бо заминҳои дигар аз ҳисоби ҳудуди вилояти Бодканд. Изҳороти мазкури Қамчибек Тошиев дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсу баррасиҳои зиёд гардид.

Аслан Тоҷикистон тарафдори ҳарчи зудтари ҳал ёфтани ин масъала аст. Зеро дар натиҷаи ин муаммоҳо мардум бисёр нороҳат шуданд ва дар изтиробанд. Тоҷикистон мехоҳад ин масъаларо бо роҳи гуфтушунид ба анҷом расонад. Аммо аз ҷониди ҳамсоя кишвар пешниҳоде шуд, ки ҳамаро ба ташвиш овард. Зимни ташрифашон Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Суғд иброз намуданд, ки “ Ворух ин як ҷузви хико Тоҷикистон аст ва ба касе дода ё иваз карда намешавад. Сокинони минтақаҳои наздимарзӣ “бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд”.

Маълуми ҳамагон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъият қарор дошту давлатро аз тараққиёту пешрафт ба солҳои дарозе ақиб монда буд... Хушбахтона пас аз замони ба сари қудрат омадани Президент Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятҳои сиёсии эшон бо андешаи «мо кистем, аз куҷоем ва дар паи чистем», «мо бояд асли худро донем, аз таърихи миллатамон ва хидмати аҷдоди хеш дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ огоҳ бошем», тавъам буд ва дар се мафҳуми калидӣ: худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва давлатдории миллӣ фалсафа ва ҷавҳари назариёти Пешвои муаззам дар касби Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ғунҷоиш ёфт, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст арзишҳо ва манофеъи миллиро дар сатҳи олӣ ба ин вусъат ва густардагӣ расмият бахшид.

Ин фалсафаи Пешвои муаззами кишвар аз синни кӯчак ба умқи шуури ҳар шаҳрванди ватанпарвари кишвар ҷой гардидаасту ҳамагон ба хубӣ дарк намудаем, ки ҳифзи Ватан, арҷгузорӣ ба марзу бум ва шукронаи ана ҳамин Ватан дар хунам ҷорист ва ҳар як дастуру ҳидоятҳои Садри муаззами миллат сармашқи кори мо гардидааст.

Мо сад дар сад ин гуфтаҳои сарвари муаззами хешро дастгирӣ мекунем. Чуноне, ки мегӯянд:

Ҳама сар ба сар ҷон ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Мо мардуми ботаҳаммул ва дӯстпазирем, ҳаргиз ба касе бади намехоҳем. Зеро, ки:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасд ҳеҷ,

Зеро, ки адаб тоҷи сари мардум аст.

Раҳмоналӣ Ҳазратқулов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ