Хоин Ватан надорад
Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмати таърих ба халқи тоҷик аст. Онро метавон ду боли як иқбол номид. Зеро Истиқлолият ба мо озоди оварда бошад, Ваҳдати миллӣ барои гузоштани қадамҳои устувор дар таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон имкониятҳои навро ба вуҷуд овард.
Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».
Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид.
Дар ҳақиқат, ҳар як инсони боимону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард. Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Мутаассифона дар ин давраи таърихии барои давлату миллати тоҷик тақдирсоз қувваҳои бадхоҳи миллат, душманони дохилӣ ва хориҷӣ бо истифода аз бозиҳои сиёсӣ, барангехтани низоъҳои сиёсии дохилӣ кишвари тозаистиқлоли моро ба майдони муқовимати шадиди сиёсӣ кашанд, ки оқибат боиси оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардад. Бинобар дар ҳар як шаҳрванди кишвар бояд таърихро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароранд, ки имрӯз ин хоинони кишвар барои мову давлат чи қадар баъдиҳо карданд. Дар ҳамин замина бояд мову Шумо ба қадри кишвариазизамон Тоҷикистон неъмати худододу муъҷизаи табиат ва биҳишти рӯи замин аст, ки мо бояд шукрони ҳар қатра обу ҳар пора заминаш кунем.
Ҷураев Манучеҳр муаллими кафедраи умумидоншгоҳии сиёсатшиносӣ