Бори каҷ ба манзил намерасад!
Мухолифини сарсахти тоҷик аз баргузории Интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ нестанд. Онҳо бардурўѓ ақида меронанд, ки мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро душмани худ медонанд. Аммо ҳаргиз аз лофу газоф хаста намешаванд.
Мардуми Тоҷикистон бо амри виҷдон Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба вазифаи президентӣ муносиб донист. Аммо ин ҷанобчаҳои хоҷапарвар бошанд ба даъвогарӣ ҳамеша қодиранд ва кўшиш доранд, ки бо сад дурўѓ исбот намоянд, ки ҳама қишрҳои кишвар шабу рӯз алайҳи президент дуову нафрин мехонанд. Мухолифон аз инқилобе сухан мекунанд, ки гўё бар Тоҷикистон зарур аст. Онҳо чӣ коре кунанду ҳамеша аз “режими Раҳмон” интиқод намоянд. Бадбахтона, онҳо фикр мекунанд, ки бо ин амал инқилоб барпо шуда, масъалаи Тоҷикистонро ҳаллу фасл мекунанд. Инҳо танҳо бо ин корашон худашонро қаҳрамони миллат муаррифӣ карданӣ ҳастанду халос.
Муҳаммадиқболи Садриддин ба мардум шадидан таҳдид мекунад ва мақсади ў ҳам ин аст, ки фақат ва фақат ба ватан баргашта, ба мардум ва саркардагони зулм, онҳое, ки Муҳаммадиқбол баринҳоро гўё ба ин рўз расонида ва сарсону саргардон кардаанд, моҳияти масъаларо “фаҳмонад”! Ин таҳдиде мебошад, ки онҳо гўё рўзе омада ва рўзи зори сабабгарони ба истилоҳ онҳоеро, ки мардумро ба ин ҳол оварандаанд, нишон доданианд.
Ҳаргиз мо фирефтаи ин гуна амрчаҳо нашавем. Муҳаммадиқбол ҳамеша дур аз қавоиди одобу ахдлоқ, бо ситезу нафрат, бо назарногирӣ, таҳқиромез, дўѓу пўписаву ханда ба назари муқобилаш менигарад, ба суханони онон беэътино муносибат мекунад, ҳар нуктаи ононро бо даѓдаѓа рад дорад ва алоқаро мебурад. Дар посух ба тарафи муқобил ягон нишонаи одоб, илм ва асли муайян кардани ҳақиқат ҳис намешавад. Одитарин дастури гузаштагон – “илм бе баҳс пойдор нест” риоя нашудааст! Посухаш ба тарафи муқобил ба ягон талабот ҷавобгў нест, ҳар ақидаи хилоф шиддати бадбиниашро боло мебарад. Касоне чун Муҳаммадиқбол қодиранд гўлўи соҳибони ақидаи муқобилро бо саволу назарҳои сафсатаашон хушк кунанд...
Бо чунин кирдор бори дигар шармандагии тоҷик дар ҷаҳон равшан мешавад...
Ҷамшеди Комрон