Сомонаҳои иғвоангез

Таъмини сулҳу субот ва амнияти давлату миллат вазифаи асосии мақомотҳои қудратӣ ва ҳар як сокини ба ору номуси кишвар ба щисоб меравад. Мутаассифона, солҳои охир ба амнияти кишвари мо дар қатори дигар мамлакатҳои ҷаҳон таҳдиди нав пайдо шудааст, ки онро дар илми сиёсатшиносӣ ҷанги иттилоотӣ меноманд. Аммо ин навъи ҷанг ғайрианъанавӣ дониста мешавад, вале мақсади он аз ҷанги анъанавӣ чандон фарқнамекунад. Зиёд шудани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва рӯй овардани онҳо ба ҷанги иттилоотӣ чун воситаи расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, хатари ҷиддӣ ба амнияти давлату миллат эҷод мекунад, ки боиси нигаронист. Вазъияти имрӯза аз ҳар як сокини бо нангу номуси кишвар тақозо мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надида, фирефтаи ҳар гуна ашхоси нопок нагарданд ва нагузоранд, ки сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ халалдор шавад.

Маълум аст, ки имрӯзҳо бархе аз ашхоси иғвоангезу тафриқаандоз, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ватандӯсту ватанпарвар вонамуд кардан мехоҳанд, нияти халал ворид кардан ба сулҳу суботи кишварамонро доранд. Яке аз чунин шахсон созмондиҳандаи сомонаи интернетии «Ахбор.ком» М. Салимпур мебошад. Вай имрӯз сомонаи худро иваз карда, онро акнун «Бомдод.ком» номидааст. Ин гуна инсонҳо дар ҳар давру замон буданд, ҳастанд ва мутаассифона, хоҳанд буд. Ҳадафи асосии ин гуна сомонаҳои ифротӣ танқиди доимии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ва гумроҳ намудани мардуми осоиштаи ин кишвари биҳиштосо аст. Барои расидан ба ҳадафи худ инсони мазкур мунтазам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд ва чун фидокор эътироф хоҳанд намуд. Аммо, аслан чунин нест, зеро имрӯз кулли мардуми бонангу номуси кишвар хуб дарк мекунанд, ки фикру амали ин тоифаи одамон тафовути калон доранд.

Дар айни замон кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифанд, ки мақсад ва ҳадафҳои имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созанда буда, тамоми ҷидду ҷаҳди он баҳри таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар равона карда шудааст. Аммо, мутаасифона, баъзе аз ашхосе, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд вазъиятро ноором гардонанд ва ба ин васила ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд. Онҳо манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоман ба инобат намегиранд ва фикр доранд, ки гӯё онҳоро мардум дастгирӣ менамоянд. Вале, онҳо иштибоҳи калон мекунанд, зеро ки мардуми шариф ва соҳибфарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард ва пешрафту обод намудани сарзамини аҷдодиро ҳадафи асосии худ қарор хоҳанд дод…

Шамил Назарзода

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ