​Иҷрои қонун барои ҳамагон ҳатмист!

Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқӣ буда, дар заминаи Конститутсияи ҶТ ва санадҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқу имтиёзҳои мушаххас ва ӯҳдадориҳои муайянро пешбинӣ намудааст. Ҳар як шаҳрванди кишвар новобаста аз синну сол, ҷинс, касбу кор бояд қонуни асосии давлатро эътироф ва эҳтиром намоянд. Таъмини амнияти кишвар ва шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи давлат ба шумор меравад.

Қобили тазаккур аст, ки дар қаламрави кишвар ҳизбҳои сиёсӣ озодона фаъолият мебаранд ва плюрализми сиёсӣ вуҷуд дорад. Қайд кардан лозим аст, ки мавҷудияти бисёрҳизбӣ дар ҷомеаи демократӣ ногузир аст. Аз ин лиҳоз, ҳизбҳои сиёсие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияти сиёсӣ мебаранд, бояд дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда корбарӣ намоянд.

Муовини раиси ҳизби сотсиал-демократиии Тоҷикистон М.Одинаев чуноне ки аз расонаҳо огоҳӣ ёфтем, дар комиссириати ҳарбии шаҳри Ҳисор тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст, ки бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои “б” ва “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз сабаби ба даъвати чандинкаратаи кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехтан, қарор барои ба таври маҷбурӣ овардан қабул шудааст, ки он ба мақомоти ШКВД ҶТ дар шаҳри Ҳисор вогузор карда шудааст. Одинаев М. дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе дастгир карда шуда, ба прокуратураи ноҳияи Ҳисор супорида шудааст.

Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, новобаста аз мансаб ва вазъи иҷтимоӣ бояд онро сарбаландона иҷро намуд. Аммо дар рафтори М.Одинаев маҳз масъалаи хизмати фарзандаш ба Ватан ба муаммо мубаддал гардидааст, ки ин рафтори ноҷояи ӯро нишон медиҳад. Ҳамаи падару модарон нисбати фарзанди хеш меҳрубонӣ менамоянд, аммо онҳо медонанд, ки хизмат ба Ватан ин қарз аст.

Дар ин давраи осоишта марҳила ба марҳила ба дастовардҳои беназири давраи истиқлолият ноил гардида, мо бояд Ватани хешро аз ин ҳам беш обод намоем. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус бо меҳнати фидокоронаи хеш баҳри ободии сарзаминамон кӯшиш ба харҷ дода, саҳми арзандаи хешро гузорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ