​“Бешараф ё беномус” ?! (Қисми 3)

Давраҳои ҷавонии моён, яъне солҳои 80 – 90 – уми асри 20 сатҳи одобу ахлоқи ҷомеа аз давраи имрӯза хеле фарқ менамуд. Алалхусус, ин рукни муҳими тамаддуни ҷомеа дар байни ҷомеаи мусалмонони Осиёи Марказӣ дар заминаи фарҳангу урфу одат, анъанаҳои қадима арзишҳои олии инсониро инъикос мекард ва ҷаҳониён, хусусан аврупоиён ба мардуми мо тавваҷӯҳи хосаву ҳаваси омӯзиш мекарданд. Эҳтироми баланд ба волидайну аҳли хонавода, иззати сину сол, эҳтироми калонсолон, хусусан,мӯйсафедон, мавқеи фаъолону калонсолони маҳалла дар тарбияи фарзандон, риояи маданияти баланди оиладорӣ, пӯшидани либос, рафтору гуфторҳои ҳамида ва ҷиҳатҳои дигари инсонпарварию ватандӯстӣ муҳимтарин мояҳои пешрафти босуботи ҷомеа буданду ҳама якҷоя баҳри нигоҳдошту ҳифзи арзишҳои волои инсонӣ кӯшишу ғайрат менамуданд.

Қироати навидҳо аз рӯзномаву маҷҷалаҳо, мубоҳисаи навгониҳо, таҳлили хабарҳо ва ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти муосири ҷомеа дар заминаи таҷрибаи бособиқаи рӯзғордорӣ ва ғайра ба насли калонсолон имконият медоданд, ки арзишҳои олии рушди ҷомеаро ҳифз ва риояи ҳатмии онҳоро таъмин намоянд. Вале, солҳои охир бо олудасозии мафкураи қишри осебпазири ҷомеа – насли ҷавони камтаҷриба бо ғояҳои бегонаю ифротӣ идеологҳои муғризи хориҷӣ тавонистанд бархе аз ҷавонони моро ба доми фиребу макри худ кашанду мафкураи онҳоро моили ғояҳои ифротӣ, хусусан баднафсию бешарафӣ созанд. Ин амалу ҳаракатҳои палидона дар таъсису ташкили ҳизбу созмонҳои мухталиф ба монанди Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом ва дигар намудор гардидааст.

Тадриҷан тарғиби волоияти маблағ нисбат ба арзишҳои инсонӣ – шикастанафсӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ, худогоҳию меҳанпарастӣ ва ғайра қувва гирифта нафсонияти моддӣ нисбат ба маънавиёти ҷомеа бартарӣ пайдо карда истодааст. Хушбахтона, танҳо теъдоди хеле ками узви ҷомеа олудаи ин ғояҳои ғайриинсонӣ гаштаанд.

Боиси таасуф аст, ки дар ин давра баъзе арзишҳои муҳими миллӣ коҳиш ёфтаву касод гаштаанд, ки ҷабҳаи асосии онҳо марбут ба парастиши боигарӣ, афзалияти нафси моддӣ бар маънавият ва амсоли онҳо мебошанд. Сутуда гаштани қиммати рукнҳои муҳими ҷомеа ба амал омадааст, ки онро метавон дар мисоли тағйирёбиисатҳи муносибати ҷомеа ба масъалаҳои нангу номус мушоҳида кард. Агар солҳои пешинҷавонписаре ё ҷавондухтаре нафси худ идора карда натавониста амали шаҳвонӣ бе никоҳи расмӣ анҷом диҳад, ӯ ва аҳли оилааш сазовори маломати аксарияти ҷомеа гашта боиси таҳқиру шармандагӣ ва ҷудоӣ аз ҷомеа ҳамчун “махав”мешуданд. Маҷбур мегаштанд, ки ба маҳалҳои дигар кӯч банданду доғи бардоштаро пинҳон доранд. Вале, имрӯзҳо мебинем, ки одоби ҷомеа то ба кадом андозае тағйир ёфтааст. Масалан, тасдиқ гардидани амалҳои “бешараф” – ии сухангӯи берӯи наҳзатиён Муҳаммадиқболи Садриддин бо бадандешии қиблагоҳашбарои наҳзатиёни палид ҳамчун амали оддӣ қабул гаштаву онон ҳатто садое ё аксулсадое баланд накардаанд !?

М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ