Оромӣ дар Афғонистон кафолати амният дар минтақа
Дин дар ҷомеаи Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Имрўз хатари гурўҳҳои ифротгаро, экстремизми динӣ, дар ниқоби ислом амал намудани террористон барои ғарази сиёсии худашон ва геосиёсӣ ҳукуматмардумро дар ташвиш мондааст.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Афғонистонсанаи 16 январёздаҳ нафар тундгаро дар пайи даргирӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистонкушта шудаанд. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ, ки шоми панҷшанбе шурӯъ шуд, ба иттилоъи пулис 11 нафар кушта ва чанд нафар ҷангҷӯи дигар захмӣ шуданд. Мақомоти маҳаллӣ ба Кобул ва созмонҳои байналмиллалӣ бо дархости кӯмак ба гурезаҳо муроҷиъат карданд.
Рӯзи душанбе Афганистан.Ру дар бораи кушта шудани 30 ҷангҷӯ дар Вардуҷ ва асир шудани 14 нафар кормандони пулис хабар дод. Гузориш шудааст, ки тибқи хабари мақомот дар миёни кушташудагон аъзои Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон ва ҷангҷӯён аз Қафқози Шимолӣ ҳастанд. Таъкид мегардад, ки вилояти Бадахшон аз минтақаи нисбатан ором маҳсуб шуда фармондеҳони маҳаллӣ ва сокинон аз тавзеъи таъсири берунӣ ҷилавгирӣ мекунанд. Ин вилоят дар шимолу шарқи Афғонистон бо вилояти худмухтори Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Бояд хотиррасон намуд, Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф намуд. Дар доираи сафари кории худ санаи 22 - декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истиқболи гарм аз музокироти сулҳи байниафғонӣ ва баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ, самимона хостори раванди ба даст овардани сулҳи деринтизор дар кишвари ба мо дӯсту бародари Афғонистон шуданд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои созандаи музокироти сулҳ на танҳо барои Афғонистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайомадҳои нек дошта метавонад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалҳои гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ва дигар шабакаҳои терроризми байналмилалӣ, ки барои Афғонистону минтақа манбаи асосии таҳдиду нигаронии ҷиддӣ аст, табодули андеша карда, тақвияти муборизаи муштаракро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории васеъ ва амалии кишварҳоро дар соҳаи амниятӣ зарур шумурданд. Аз муколамаи мунтазами сиёсии байни давлатҳо, ки омили муҳими баррасии масоили калидии муносибатҳои дӯстона ва роҳҳои таҳкиму тақвияти минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд, изҳори қаноат карда шуд.
Барно Умарова