Чоҳ макан, ки худ афтӣ
Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии худро ба пеш баранд ва кушиш бар он дорад.ки барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем. Имруз ташаббусҳое,ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи ҷаҳони пешкаш карда шуд ва тасдиқи худро низ пайдо кард, ки ин ҳама барои манфиати кишвар равона карда шудааст.
Мутасифона баъзе амалҳои номатлабе, ки аз тарафи баъзе аз шахсиятҳои бадхоҳони давлат мешавад боиси ноороми кишвар сабаб шуда истодааст. Дар таърих бохабар ҳастем, ки амалҳои ношоистаро ниёгони мо маҳкум мекард. Онҳо ба дузду одамкуши назари нек надоштанд ва бо чунин шахсон бо нафрат нигоҳмекарданд. Лекин имруз ҷавононе пайдо шудаанд, ки ананҳои неки инсондӯстӣ, некрафторӣ некандеширо пеши по зада ба гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ тақдири худро мепайванданд.
Онҳо дониста ё надониста ба ташкилотҳои ифротгаро ҳамроҳ мешаванд ва дигар аз ҳалқаи он баромада наметавонанд. Лекин имруз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварӣ хирадмандаш, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кӯшиш бар он дорад, ки он ҷавононе, ки надниста ба чунин гуруҳҳои террористию эктремистӣ дохил шуданд барои онҳо қонуни наверо қабул кард.
Дар асоси Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 3073 оварда шудааст.Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва динӣ ва дигар ташкилотҳое, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдо карда дар бораи барҳам додан ва манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстемистӣ қабул шудааст, даст мекашад аз ҷавобгари ҷинояти озод карда мешавад, агар дар кирдори таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Имруз дар хориҷи мамлакат истода гуруҳҳое бо номи “Паймони миллӣ”, ки мақсади асоси онҳо низо андохтан, халалдор кардани сулҳи мамлакат мебошад бо ҳар гуна наворҳои сохта такид мекнанад, ки ин ҷавон Шарофиддин Гадоев мақсади бараштан нахост онро маҷбуран дастир карда ба ватан баргардониданд. Инҷо саволе ба миён меояд ин ҷавон барои чӣ ба Ватан барагашт?Барои он, ки дар қалби ин ҷавон меҳри Ватан аланга дорад, ва намехохад, ки ба Шумо содикона хизмат кунад ҳол он, ки Шумо худатон ба ин Ватани муқаддаст хиёнат кардед?
Ин ҷавон низ он амалҳое, ки Шумо пеш гирифтедягон роҳи манфиатовареро надид мақсади асоси Шумо он аст, ки агар лозим ояд дар ин роҳ тайёр ҳастет ҳатто падару модар ва хешу наздикони худро нобуд кунед. Барои шумо мафҳуми Ватан-Модар вуҷуд надорад. Имруз он ҷавононе,дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон ҳастанд аёну ноаён меҷанганд барои онҳо ба суханони дуруғи Шумо бовар доранд.
Имруз он “Хуҷаҳое”, ки Шумо эътироф мекунед ва он вазифаҳое барои шумо мегуянд хатман ичро мекунед. Лекин як масъалаи асосиро бояд дарк кард, ки он шахсиятҳо мехоханд туро бар зидди давлати худ ҷанг андозанд ҳол он ин сарзамин барои ту муқаддаст аст Чаро? Барои он, туро ба камол расонид, ба ту тамоми имкониятҳоро муҳайё сох илм омӯзи то, ки дар оянда як мутахассиси соҳибтаҷриба ба камол расию имруз нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқи баланд бардори, лекин Шумо чӣ кор кардед? Болои сухта намакоб? бар Ватани худ хиёнат карда истодаед.
Лекин ҳеҷ вақт аз хотир набаровард зеро сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ бо мо ҳастанду барои боз ҳам баланд бардоштани нақш ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ саҳми худро гузорад ва агар лозим ояд дар роҳи сулҳи мамлакат ва барои пойдор гардонидани сарҷамӣ миллат ҷони худро фидо хоҳанд кард. Имруз ҳар як ҷавони Тоҷикистон намегузорад, аз чеҳраҳои Модарони тоҷик ашк бирезад. Имруз дар ҷавобгуфтани ҳастем, ки ин ҷавонон дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба камол расидаистодаан ва намегузоранд, ки касе ба чашми ин миллат хок пошанд.
Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву, хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита аз кўшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тинҷию пойдори сулҳи ин кишвар саҳм гузошта истодаанд. Аз таърих бохабар ҳастем, ки ин сулҳи тоҷикон ба осони ба даст наомадааст.Ба хотир оред воқеаҳое, кисолҳои 90-уми ќарни гузашта исбот намудааст, ки ба сулҳу Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон.
Ҷӯраев М,Б,.-муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ