Ҳар ҷиноят муҷозоти худро дорад.

Таи чанд руз аст, ки дар сомонаҳои шабакаи иҷтимоӣ сару садоҳои зиёд атрофи боздошт шудани Маҳмурод Одинаевмуовини раиси ҳизби опозитсионии Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон паҳн шуда истодаанд. Аз маълумотҳо доира ба дастгир гардидани Махмурод Одинаев маълум мегардад, ки ӯ бо ҷурми авбоши аз ҷониби прокуратураишаҳри Ҳисор дастгир карда шудааст. Ӯ санаи 29 октябр гӯё барои ғайриқонунӣ даъват намудани писараш ба коммисиариати ҳарбӣ даъво намуда, кормандони комиссириати ҳарбии мазкурро ба суханҳои қабеҳ дашном дода онҳоро тахқир намудааст. Ин кирдори Маҳмурод Одинаев нодуруст буда, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин кирдори ӯ манъ карда шудааст. Нисбати Маҳмурод Одинаев санаи 20-уми ноябр делаи ҷинояти аз руи моддаи 237 (авбошӣ)кушода шуда, тафтишот идома дорад, ки ин пинҳонӣ нест. Лекин дар шабакаҳои сомонаҳои иҷтимоӣ бӯҳтонҳое оварда шудаанд, ки гӯё ӯ гум шудааст ё худ аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ бесабабҳои муайян дастгир карда шудааст. Албатта ҳар он ҷинояткоре, ки ҷиноят содир мекунад бояд дар назди қонун ҷавобгу бошад ва ҳар ҷиноят муҷозоти худро дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тинҷиву оромии мардум тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст. Аммо шахсони алоҳида бо рафтор ва кирдори худ оромию суботи ҷомеаро вайрон мекунанд. Танҳо дар фазои сулҳу оромӣ мо метавонем рушди устувори кишварро таъмин намоем, шарту шароити арзандаи зиндагиро барои ҳар як шаҳрванди банангу номуси Тоҷикистон фароҳам орем. Њоло фурсате расидааст, ки мо тоҷикистониён зери сиёсати ҳадафмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардем ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем.

Исмоилова М.Б. - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ