Изҳорот: Пайравони бегонапараст
Мушоҳида мешавад, ки аъзои ҳизби экстремистиву террористии наҳзати исломӣ ҳаракатҳои хоинонаи худро ҳоло ҳам идома дода истодаанд. Факту далелҳои раднашавандаи шоҳидии аъзоёни пештараи ҳизб, навору суратҳои зиёд ҳамаашон нишон медиҳанд, ки роҳбарони наҳзат ба хотири дунё ва пулу мол шуда, мазҳаби бобоии худро фурӯхта, ба пайравии мазҳаби бегонаи гаравида шудаанд. Гуфтаҳои болоиромо аз силсилафилми мустанади “Хиёнат” пай бурдем.
Ҳоло мардуми тоҷик ба зархаридон ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки ба арзишҳои маънавиву илмӣ ва рушанфикрони миллати тоҷик зарбаҳои ҷонкоҳ зада, ба миллати хеш хиёнат карданд, лаънату нафратҳо мехонданд. Бояд гуфт, ки ин гуна ашхос, ки ба миллати хеш, арзишҳои миллӣ, дину расму оини худ баҳри молу чиз хиёнат кардаанд ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд. Ва боз даъвои сохтани давлати навро доранд. Мутаассифона имрӯз марбуми тоҷик дар фазои орому осудаи давлати соҳибистиқлол зиндагӣ доранд ва аз шароитии кунунии худшикоят налоранд.
Боиси сарфарозист, ки имрӯз Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу субот қарор дорад, дорои қудрату нерўи бузургест, ки ҳамагуна ифротиҳо, тундгароиву террористон ва дигар ашхоси хиёнаткорро шикаста пора созад. Мисоли равшани ин ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 буд, ки қувваҳои қудратии кишвар дар як муддати кӯтоҳ террористон ва ҳамаслакони онҳоро несту нобуд сохт.
Мо ақидаҳои тундгароёна ва бегонапарастии ҲНИ-ро маҳкум карда будем ва ҳоло ҳам андешаҳои ин созмон барои мо афкори дасисакорон боқӣ мемонад.
Баҳори Шаҳрзод