Иззат Амон қаллоби гузаро
Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ба қаллобӣдаст доштани ҳомииба ном ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар Иззат Амонро ошкор намуда, онро ҳамчун ҷинояткори ин соҳа муаррифӣ карда буд. Ин як ҳолати ба таври расмӣ тасдиқгардида мебошад ва маълум, ки Иззат Амон барои ба даст овардани маблағ ва ташкил кардани зиндагии шоиста дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла Федератсияи Руссия аз чунин манбаи безаҳмати даромад ба таври васеъ истифода мекардааст. Ин нафар ҳатто аз шаҳрвандии кишвари модариаш даст кашида, барои паҳн кардани маълумотҳои иғвоангез ва бо ин васила ба номи тоҷикон ва кишвари онҳоро дар мамлакатҳои бегона паст задан машғул шуда, дар ин самт таҷрибаи бои коӣ пайдо кардааст. Иззат Амон пас аз боздошт шуданаш дар хориҷи мамлакат ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст ва дастги гардидани он аз ҷониби сомонаҳои тавтеаталаби электронӣ бо ҳаргуна бардуруғ расонаӣ гардид. Тавре маълум аст, Иззат Амон якҳомииба ном ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар чӣ гуна мавқеи иғвабарангезиро дар назди чунин ташкилотҳои хориҷӣ ба даст овардааст. Ин худ шаҳодат ба он медиҳад, ки Иззат Амон ба мардуми мо на ин ки ёрии ҳуқуқӣ, балки душманона хидмат мекардааст ва ин душманиҳои ӯро афсус, ки мақомотҳои қудратӣ андак дертар ифшо намуданд.Бо ҳамин мақсад ба кору фаъолият пардохтани Иззат Амонро мо маҳкум карда, ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат карда, такроран таъкид менамоем, ки дигарба чунин ҷаллобону гумоштагони истиқоматкунандаи хориҷӣ, ки номи тоҷикро дорад, бовар накунанд ва мо бояд коре кунем, ки ба аблаҳони баном ҳимоягар корамон наафтад.
Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ